Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коррупсия дар Тоҷикистон. Мақомот гунаҳкоранд, мардум ё ҳарду?


"Аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, ки порагирӣ, азхудкунии пули давлат, сустии ҳукумат барои решаканкунии фасод, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад." Чунин аст хулосаи гузориши Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, ки 25-уми январ нашр шуд. Ин гузориш вазъи мубориза бо коррупсияро дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2021 арзёбӣ кардааст. Бар асоси он, Тоҷикистон аз байни 180 кишвару қаламрав дар миёни 30 кишвари дорои бадтарин сатҳи фасод ҷой дорад.

Тоҷикистон аз назари Шаффофияти Байнулмилал

Алтинай Мирзабекова, мушовири масоили Осиёи Марказӣ дар дафтари Transparency International дар Берлин, 25-уми январ гуфт, дар Тоҷикистон “коррупсия хосияти амиқи системавӣ касб кардааст”.

Ӯ ба унвони мисол аз “набудани мустақилӣ дар низоми кори додгоҳҳову сохторҳои ҳифзи қонун”, “набудани шаффофият дар кори сохторҳои давлатӣ ва гузориш надодани онҳо дар пеши ҷомеа” ва “вуҷуди бархӯрди манфиатҳо, бахусус дар сатҳи болотарину миёнаи ҳукумат” ёдовар шуд.

“Ба иловаи ин ҳама мушкилот, давраи пандемия нишон дод, ки аксар ҳукуматҳои худкома дар минтақа пандемияро баҳона карда, озодии баён ва кори фаъолон, аз ҷумла, фаъолони зидди фасодро бештар маҳдуд карданд,” – шарҳ дод ӯ. Мирзабекова гуфт, фишори мақомот болои онҳое, ки дар бораи вуҷуди ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID лаб мекушоданд, афзун шуд.

Мақомоти Оҷонси зидди коррупсия дар Тоҷикистон, ки Радиои Озодӣ барои нашри назари онҳо дар ин гузориш муроҷиат кард, аз суҳбат худдорӣ карданд. Ин ниҳод дар гузашта арзёбиҳои созмонро беасос дониста буд. Рӯзи 24-уми январ як масъули дафтари матбуоти Оҷонсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз мувофиқа бо раҳбарият, ин мавзуъро шарҳ хоҳанд дод, аммо дигар ба тамосҳои батакрори мо посух надод.

“1,1 миллиард сомонӣ зарари молиявӣ”

Моҳи августи соли 2021 президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии бинои нави Вазорати молия гуфт, “санҷиши Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳо дар солҳои 2019-2020-ум 1,1 миллиард сомонӣ маблағ ҳамчун зарари молиявӣ ошкор карда шуда, аз он ба буҷети давлат 693 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст”.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, омори расмӣ наметавонад баёнгари вазъи воқеӣ бошад ва дар асл дар пушти саҳна муомилаҳои ҳангуфти коррупсионӣ мегузарад. Мунтақидон худи президент ва наздиконашро барои эҷоди ҳукумати оилавӣ интиқод мекунанд, ки роҳро ба коррупсия боз мекунад.

Сулаймон Султонзода
Сулаймон Султонзода

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия, моҳи июли соли гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2021 миёни кормандони вазорату идораҳо, мақомоти шаҳраку деҳаҳо ва маҳаллаҳои дигари аҳолинишин “беш аз 700 суҳбату вохурӣ анҷом додаанд”. Ӯ таъкид намуд, ки "инчунин, 11 видеоролик ва 28 маводи таблиғотиву ташвиқотӣ таҳия ва пешкаши аҳолӣ шуд".

Вале ба назари Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ, чунин корҳои ташвиқотие, ки мақомоти коррупсия ё ташкилоти дигар анҷом медиҳанд, “камтаъсир аст”. Вай афзуд, вақте сокинон аз бурдани шикоят нисбати мақомдоре меҳаросанд ва ба ин боваранд, ки ба сарашон дигар мушкилиҳо меояд, дар чунин ҳол анҷоми корҳои тарғиботӣ натиҷаи дилхоҳ наҳоҳанд дод.

“Сарусадои порагирӣ дар марз”

Ба андешаи баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, зиёд будани мизони фасод дар Тоҷикистон аз паҳншуда будани ин мушкил дар сатҳи маишӣ шаҳодат медиҳад.

Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори тоҷик, ки таҳқиқоти зиёде дар мавзӯи фасод анҷом додааст, мегӯяд, ба мушоҳидаи ӯ, бисёре аз шаҳрвандон дар зинаҳои поёнӣ бо пораталабии курсинишинон ва масъулон рӯ ба рӯ мешаванд.

Ёқуб Ҳалимов
Ёқуб Ҳалимов

"Фақат убури марзи Тоҷикистон бо Узбекистон дар соли 2021 сару садои пораталабии марзбонону гумрукчиёни тоҷикистониро ба "кайҳон" расонд. Ба мушоҳида ва бардошти ман, шароит ва тартибот чунин фароҳам шудааст, ки дар баъзе ҳолат шаҳрванд интихоби дигаре ҷуз пешниҳоди пора надорад," -- гуфт ӯ. Ҳалимов таъкид намуд, ки масъулони раддаи аввали ҳукумат ҳанӯз ба дарки ин масъала нарасидаанд, ки “имкон надорад, бо 1000-1500 сомонӣ маош як хонаводаи ба ҳисоби миёна иборат аз 4-5 касро таъмин кард”.

Музаффар Олимов, муҳаққиқи афкори умум дар созмони “Шарқ” дар Душанбе мегӯяд, арзёбиҳои созмони Шаффофияти Байнулмилал “боварибахш буда метавонад”. Ӯ гуфт, “то як андоза мутобиқат мекунад. Бо назардошти тамоми имкониятҳову хусусиятҳои хоси кишвар натиҷаҳои бадастомада қобили қабул аст, боварибахш аст.”

“Мардум ҳам ба вуҷуди фасод ҳавасманданд”

Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, масъалаи мубориза бо фасод аз худи ҷомеа низ бастагӣ дорад. Вай рӯзи 24-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, арзёбиҳои созмон дар робита ба вазъи мубориза бо фасод дар кишвар ба воқеият наздик аст ва таъкид намуд, ки мубориза бо фасод дар шароити феълии Тоҷикистон қариб, ки номумкин шудааст.

"Зеро аз як тараф худи мардум ҳам ҳавасманданд, ки коррупсия бошад. Мисоли оддӣ: вақте нозири роҳ ронандаро дошт, ӯ зуд пул пешниҳод мекунад, ки халос шавад. Ё ба беморхона меравед, мебинед, ки мардум худаш зуд пул медиҳанд. Барои мубориза бо коррупсия аввал тафаккури мардумро дигар кардан лозим, то вақте менталитети мардуми мо дигар нашавад, бо коррупсия мубориза карда намешавад. Бубинед, агар як коррупсионер барои дастрас намудани як санад 20 сомонӣ гирад, сокинон инро медиҳанд ва баъзеҳо 40 сомонӣ дода, ҳаҷми пораро худашон зиёд мекунанд. Дар мафкураи мо чунин нишастааст, ки як чӣ дода бояд корро зуд ҳал кунанд," - афзуд ӯ.

Баъзе аз сокинони Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, масъулони идораҳои давлатӣ онҳоро дар шароите мегузоранд, ки гуё ягона роҳи ҳалли мушкилашонро дар додани пора мебинанд.

Мақсуд Нуруллоев, сокини ноҳияи Панҷ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агар пул надиҳӣ, корат буд намешавад, лекин як одами пулдор кораш афтад, дар як лаҳза корашро ҳал мекунанд. Маҷбур нашавӣ, киро пулдиҳӣ мефорад? Мардум шароит надоранд, ки ба осонӣ ба ҷое пул диҳанд, барои як маълумотномаи оддӣ пул талаб мекунанд".

Меъёри фасод чӣ гуна муайян мешавад?

Созмони Шаффофияти Байнулмилал мегӯяд, дар арзёбии худ ин меъёрҳоро ҳамчун баёнгари вазъи фасод дар кишварҳо истифода мекунад: порагирӣ, сарфи маблағҳои давлатӣ, суистифодаи идораҳои давлатӣ бо ҳадафҳои хусусӣ, қудрати давлат дар муқобила бо коррупсия, таъини кормандон ба вазифҳо аз рӯи меъёри хешутаборӣ, дар амал татбиқ шудани қонунҳое, ки фош шудани дороиҳои мақомоти давлатиро имконпазир мегардонад, ҳимоят аз сокиноне, ки аз вуҷуди коррупсия хабар медиҳанд, дастрасӣ ба иттилои давлатӣ ва ғайра.

Созмон мегӯяд, ҳар қадар ин меъёрҳо дар ҷомеаҳо риоя шаванд, ҳамон қадар раддабандии кишвар боло меравад ва оне, ки 100 хол ё наздик ба он гирифтааст, кишвари муваффақ дар мубориза бо коррупсия буда, оне, ки холи камтар гирифтааст, дорои мушкилоти зиёд ба шумор меравад.

Тоҷикистон дар соли 2021 дар ин раддабандӣ 25 хол гирифтааст, ки баёнгари амиқ будани мушкилоти марбут ба фасод дар ин кишвар аст. Барои муқоиса, аз миёни 180 кишвари таҳқиқшуда, Гурҷистон – 55, Арманистон – 49, Беларус – 41, Русия – 29, Узбекистон – 28, Туркманистон – 19, Қирғизистон – 27 хол гирифтаанд. Зимнан, Узбекистон ва Арманистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудаанд, ки давоми панҷ соли охир бо як андоза пешрафте рӯбарӯ шудаанд. Вале дар умум, ба навиштаи Шаффофияти Байнулмилал, давоми 10 соли охир дар тахминан 75 дарсади кишварҳои Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ рукуд дар сифати муқобила бо фасод мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG