Мирзиёев ба зердастонаш дастур додааст, нақшаи кӯчонидани ниҳодҳои давлатиро ба Тошканди Нав давоми се моҳ таҳия кунанд.
Мирзиёев моҳи марти соли 2023 ба сохтмони Тошканди Нав санги асос гузошта буд. Интизор меравад, шаҳри нав то як 1 млн сокин дошта бошад.
Ин шаҳр миёни дарёҳои Чирчик ва Қарасу дар вилояти Тошканд сохта мешавад.
Шаҳри нав дар ҳудуди 20 ҳазор га замин таъсис мешавад.