Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулқодирзода аз тоҷикон хост, тартиботро дар Русия риоя кунанд


Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Сайидмукаррам Абдулқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон баъди се ҳафта дар пайванд ба ҳамлаи маргбор ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ибрози назар кард.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 10-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин ҳодисаи мудҳише буд, ки ҳеч инсони ақлаш солим онро набояд анҷом диҳад. Ҳоло дигар шуд.”

Вай дар идомаи суҳбат аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хост, “ба ҳар гуна таблиғ, иғвогарӣ ва нооромӣ даст назананд. Ҳама дар ҳудуди ҷойи кори худ бошанд ва оромиву тартиботи он кишварро сад дар сад риоя кунанд.”

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун ёздаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Даҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Се нафари онҳо ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Бо гузашти се ҳафта аз ҳодиса мақомоти Тоҷикистон боздошти шаҳрвандон ва вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG