Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти тимҳои миллии футболи Осиёи Марказӣ


Бозии дастаи футболи Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ
Бозии дастаи футболи Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ

​​​​​​​Тимҳои миллии футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ бозиҳои даври сеюми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом доданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври сеюм аз тими миллии Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар ин бозии гурӯҳи “G” Салим Ал-Довсарӣ дар дақиқаи 23-юм зад.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, пас аз бозӣ бо тими Арабистони Саудӣ гуфтааст, “дар нимаи аввал бачаҳои мо хуб бозӣ накарданд. Дар қисми дуюм бошад, маҳорати баланд нишон доданд, аммо муваффақ нашуданд. Бозӣ нишон дод, ки муқобили тими Арабистони Саудӣ метавон барои пирӯзӣ мубориза бурд. Ҳамакнун дар майдони худ бозӣ мекунем ва ба дастгирии мухлисон умед мебандем.”

Дар бозии дигари гурӯҳи “G” дастаи меҳмон – Урдун - тими Покистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ҳарсе голро нимҳимоятгар Мӯсо Ал-Таъмарӣ ба самар расонда, “хет-трик” кард.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи G Арабистони Саудӣ бо касби 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тоҷикистону Урдун бо чоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро касб кардаанд. Покистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқот дар гурӯҳи “G” рӯзи сешанбеи 26-уми март баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. Бозии ҷавобӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Покистон сурат мегирад.

Боз се тими миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бозиҳои даври сеюми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026-ро анҷом доданд.

Мунтахаби Қирғизистон дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ тими миллии Тайбэйи Чинро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Валерий Кичин - аз пеналти ва Кай Мерк ба самар расонданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Умон дар майдони худ тими миллии Малайзияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Дар ҷадвали гурӯҳи “D” се даста – Умон, Қирғизистон ва Малайзия - шашимтиёзӣ гирифтаанд, вале Тайбэйи Чин имтиёз надорад.

Дар даври навбатӣ Қирғизистон дар Бишкек бо Тайбэейи Чин ва Малайзия дар Куала-Лумпур бо Умон бозӣ мекунанд.

Дар гурӯҳи “Е” мунтахаби Узбекистон дар меҳмонӣ тими миллии Ҳонконгро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Элдор Шомуродов ва Рустам Ашӯрматов заданд.

Дастаи мунтахаби Туркманистон аз тими миллии Эрон бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд. Ҳусейн Канонӣ ду гол, Муҳаммад Муҳибӣ, Умед Нурафкан ва Сардор Озмун якголӣ заданд.

Дар гурӯҳи “Е” тимҳои Эрону Узбекистон бо ҳафтимтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Ҳонконгу Туркманистон якимтиёзӣ гирифтаанд.

Дар даври чаҳорум Узбекистон дар Тошканд бо Ҳонконг ва Туркманистон дар Ишқобод бо Эрон бозӣ хоҳанд кард.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

XS
SM
MD
LG