Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили дастрасӣ ба Фейсбук ва Инстаграм дар гӯшаҳои ҷаҳон


Шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм ва паёмрасони Мессенҷер, ки ба ширкати "Мета" тааллуқ доранд, барои бисёре аз корбарон дар саросари ҷаҳон дастнорас шудаанд.

Вебсайти Downdetector рӯзи 5-уми март навишт, ин ҳолат соати 8-и шом ба вақти Душанбе шуруъ шуд.

Ба гузориши "Рейтерс", дар бораи дастнорас будани Фейсбук дастикам сесад ҳазор шикоят расидааст. Чил ҳазор нафари дигар гуфтаанд, барои даромадан ба Инстаграм мушкил доранд.

Дар Тоҷикистон ҳам корбарон аз истифодаи шабакаҳои вобаста ба "Мета" маҳрум шудаанд.

Нигаронии бисёриҳо аз он аст, ки эҳтимол саҳифаҳои онҳо шикаста шудааст, вале сухангӯи “Мета” гуфт, “медонем, одамон барои дастрасӣ ба хадамоти мо мушкил доранд. Ҳоло рӯйи ҳалли он кор мекунем.”

Дар мавриди мушкилӣ дар Вотсап низ гузориш расидааст, вала баъзе аз корбарон дар Тоҷикистон гуфтанд, феълан аз ин паёмрасон озодона истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG