Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони баргашта аз Сурия ба оилаҳояшон пайвастаанд - мақомот


25 июли соли 2022 мақомоти Тоҷикистон 146 нафар, аксар кӯдаконро аз манотиқи ҷангзадаи Сурия баргардониданд
25 июли соли 2022 мақомоти Тоҷикистон 146 нафар, аксар кӯдаконро аз манотиқи ҷангзадаи Сурия баргардониданд

Мақомоти тоҷик гуфтанд, занону кӯдаконе, ки аз кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Сурия ба Тоҷикистон бозгардонида шудаанд, ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон зиндагӣ доранд. Дар ду соли ахир мақомоти Тоҷикистон даҳҳо зан ва беш аз 100 кӯдаку наврасро ба ватан баргардониданд.

Онҳо узви оилаҳои ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки дар майдонҳои ҷанг кушта шуданд. Ҷаҳонгир Бобоҷон, сардори раёсати ҳифзи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рузи 2-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Занону кӯдакони бозгардонидашуда пас аз табобати ҷисмониву равонӣ алакай дар канори хонавода қарор доранд. Аз ҷумла 84 нафар кӯдаконе, ки ҳамроҳ бо модаронашон оварда шуданд, дар мактабҳои умумӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Як гурӯҳи дигар дар боғчаҳо таълим мегиранд”.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, мактабҳо кӯдаконро вобаста ба сатҳи дониш ва синнусолашон қабул карданд. Ин гуруҳи занону кӯдакон то замони интиқолашон ба Тоҷикистон, дар урдугоҳи Ал-Ҳавл дар вилояти Ҳасакаи Сурия нигаҳдорӣ мешуданд, ки таҳти назорати курдҳои Сурия аст.

Гуфта мешавад, гурӯҳе дар зиндон ва бархе ҳам дар урдугоҳҳо ба сар бурдаанд. Ҳамсуҳбати мо гуфт барои мутобиқ кардан ба мақомот ҷомеа занони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро ба омӯзиши касб ҷалб кардаанд, ки тавонанд дар оянда зиндагии худро таъмин кунанд.

"То ҷое ман медонам, - гуфт Ҷаҳонгир Бобоҷон, - ба бархе аз онҳо мошинаҳои дарздузӣ ҳам тақдим шудааст".

Дар гузашта равоншиносони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх борҳо ба Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки барои ҳарчи зудтар мутобиқ шудани кӯдакон ба ҷомеа, бояд онҳо дар канори хонавода қарор бигиранд.

XS
SM
MD
LG