Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон равуоро бо Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон бештар мекунад


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, ба Вазорати нақлиёти кишвараш дастур додааст, ки на камтар аз 1200 автобус харида, онҳоро ба гардиш дарорад.

Бар асоси ин дастур равуои автобусҳо аз Узбекистон ба Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон афзоиш хоҳад ёфт.

Шерзод Асадов, сухангӯйи президенти Узбекистон, хабар додааст, ки нисфе аз ҳамлу нақли мусофиронро воситаҳои нақлиёт ё автотранспорт анҷом медиҳанд.

Сарфи назар аз он ки имсол наздик ба 1,5 ҳазор автобус ба гардиш дароварда шудааст, афзоиши хадамот аз 5,5 дарсад боло нарафтааст.

Дар бозори хадамоти ҳавоӣ низ дар Узбекистон 6 ширкати хусусӣ ба кор сар карда, рақобатро ба вуҷуд овардаанд. Аз ибтидои сол 25 ҳавопаймои нав ба кор дароварда шуда, 17 самти нав кушода шудааст.

XS
SM
MD
LG