Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин боз аз "донистани забону фарҳанги русӣ" барои муҳоҷирон гуфт


Президенти Русия мегӯяд, муҳоҷирон бояд қонун ва анъанаҳои Русияро эҳтиром кунанд. Ба гуфтаи Владимир Путин, кишвар ба як ниҳоди вижаи давлатӣ дар бахши муҳоҷират ниёз дорад. Вай дар ин бора рӯзи 14-уми декабр дар як барномаи мустақими солона, ки дар тамоми шабакаҳои давлатӣ пахш гардид, изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Путин, тибқи ҳисобҳои гуногун феълан дар Русия беш аз 10 миллион муҳоҷири корӣ ҳузур дошта, мизони бекорӣ 3 дарсадро ташкил медиҳад. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, бархе аз шарикон хостори боз кардани мактабу донишгоҳҳо бо забони русӣ дар кишварҳои худ ҳастанд. Путин мушаххасан нагуфт, ки сухан дар бораи кадом кишварҳо меравад, вале изҳор дошт, ки онҳо ба чунин кӯмак ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол ӯ такрор кард, ки муҳоҷирон бояд анъана ва қонунҳои Русияро эҳтиром кунанд ва мақомот ба қонуншикании онҳо сари вақт вокуниш нишон диҳанд. Барои ин, ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия, дар канори Вазорати корҳои дохилӣ шояд таъсиси як ниҳоди алоҳида лозим бошад, ки бо масоили муҳоҷират машғул шавад.

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди Путин мақомоти Русия бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки қабл аз ҳама манфиатҳои мардуми бумӣ ба инобат гирифта шаванд.

Ҳукумати Русия дар замони раҳбарии Владимир Путин барои эҷоди фазои бегонабадбинӣ ва табъйиз нисбати миллату қавмҳои ғайрирус интиқод мешавад.

XS
SM
MD
LG