Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, мавҷи нави "мобилизатсия" дар назар нест


Владимир Путин аз соли 2000-ум дар мансаби "президент - сарвазир - президент" зимоми қудратро дар Русия ба даст дорад
Владимир Путин аз соли 2000-ум дар мансаби "президент - сарвазир - президент" зимоми қудратро дар Русия ба даст дорад

"Дар ҳоли ҳозир зарурате ба мобилизатсия (басеҷ, сафарбарӣ ба артиш) нест," -- гуфт Владимир Путин, президенти Русия.

Вай рӯзи 14-уми декабр дар нишасти мустақими матбуотӣ аз кори ҳукуматаш дар соли 2023 натиҷагирӣ кард.

Путин ба суол дар бораи мавҷи нави сафарбарбарӣ ба артиш ё басеҷ гуфт, "486 ҳазор ихтиёрӣ ҷалб шудаанд" ва ҳар рӯз якуним ҳазор нафар ба хидмат фиристода мешаванд. "Пас, сафарбаркунӣ барои мо чӣ лозим аст?" -- афзуд ӯ.

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Русия шаби 13-уми декабр дар бораи омодагӣ ба нишасти мустақими матбуотӣ гузориш дод.

Дар паси хабарнигор суолҳои "Басеҷшудаҳо кай озод мешаванд?", "Чаро 300 ҳазор нафар бояд ба ҷойи ҳама хидмат кунанд?", "Кишвари мо то кай аз доллар вобаста хоҳад буд?", "Чаро арзиши маҳсулот бисёр гарон, вале сифаташ бисёр паст аст?" ва "Ҷанг кай тамом хоҳад шуд?" намоён буданд.

Дар яке аз паёмҳо ҷангро дар Украина на “амалиёти махсус”, балки ҷанг навиштаанд. Дертар навор ва суолҳо аз торнамои телевизиони давлатии Русия “гум” шуданд.

Муҷриёни нишасти матбуотӣ дар оғоз таъкид карданд, ки дар мавриди "амалиёти махсуси низомӣ" (Русия ҳамлаашро ба Украина чунин меномад) суолҳои зиёд расидааст.

Президенти Русия гуфт, ҳадафи ҷанг “ғайринизомӣ” кардани Украина ва мақоми бетарафии ин кишвар аст ва дигар нашудааст. Ба қавли ӯ, ҳар вақте ин хостаҳо амалӣ шуд, сулҳ фаро хоҳад расид.

Русия моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард ва аз он замон то ҳоло ҷанг идома дорад. Киев ва ҳампаймонҳояш дар Ғарб Русияро барои чунин рафтораш маҳкум карда, ба зидди Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG