Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, ки дар интихобот номзадияшро мегузорад


Владимир Путин то ин дам чор дафъа президенти Русия интихоб шудааст
Владимир Путин то ин дам чор дафъа президенти Русия интихоб шудааст

Владимир Путин гуфт, ки дар интихоботи ояндаи президентӣ дар Русия ба ҳайси номзад иштирок хоҳад кард.

Ӯ рӯзи 8-уми декабр, ҳангоми мулоқот бо раиси порлумони вилояти ишғолшудаи Донетски Украина, Артём Жога, дар ин бора гап задааст.

Суҳбати онҳо дар Кремл ва дар маросими тақдими ҷоизаҳои давлатӣ сурат гирифт.

Артем Жога ва Владимир Путин
Артем Жога ва Владимир Путин

Интихоботи президентии Русия 17-уми марти соли 2024 баргузор хоҳад шуд.

Раҳбари зиндонии мухолифони Русия Алексей Навалний дар паёме аз сокинони Русия хост, ки дар интихоботи президентӣ ширкат кунанд ва алайҳи Владимир Путин раъй диҳанд.

То ин вақт баъзе аз хабаргузориҳо мегуфтанд, ки Кремл барои пешбарии номзадии Путин дар интихобот омодагӣ мебинад, вале эълони расмӣ набуд.

Путин дар охири моҳи ноябри имсол дар як ҷамъомад гуфт, ки ҳоло тасмими иштирок дар интихоботи соли 2024-ро надорад, аммо ҳуқуқи иштирок дар он "вазъи сиёсати дохилиро ба эътидол меорад".

Вай дар гузашта гуфта буд, агар мансабдорон бидонанд, ки Путин дақиқан дар моҳи майи соли 2024 аз қудрат канор меравад, дар Русия талоши соҳиб шудан ба қудрат меафзояд ва ба рушди кишвар монеъ мешавад.

Владимир Путини 71-сола аз соли 2000-ум чун президент ва як муддат сарвазири Русия сари қудрат аст. Соли 2020 муҳлатҳои пешинаи ширкати Путин дар интихоботҳоро бекор карданд. Вай метавонад, то соли 2036 раҳбари Русия бимонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG