Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қамчибек Тошиев ба эътирози тоҷирон вокуниш кард


Қамчибек Тошиев
Қамчибек Тошиев

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ), ба эътирози тоҷирони бозорҳо дар кишвараш вокуниш кард. Тоҷирон ба зидди сиёсати нави андозбандии ҳукумат ҳастанд.

Тошиев рӯзи 6-уми декабр дар маросими ифтитоҳи бинои нави КДАМ дар ноҳияи Аламудуни вилояти Чуйи Қирғизистон дар ин бора гап зад.

Ба бовари ӯ, моликони бозорҳо дар сартосари Қирғизистон шахсони сарватманд ҳастанд ва даромадҳои ҳангуфт доранд. Аммо сарфи назар аз он ки тоҷирону фурӯшандаҳо пули зиёд мепардозанд, дар аксари бозорҳо шароити хуб муҳайё нашудааст.

"Барои сабук кардани кори тоҷирон соҳибони бозорҳо дар навбати аввал бояд арзиши иҷораро ҳадди ақал ду баробар кам кунанд. Ба илова, соҳибкорони хурд, ки дар харидории дастгоҳҳои назоративу хазинавӣ мушкилӣ доранд, бояд ба таври ҳатмӣ ройгон бо ин дастгоҳҳо таъмин карда шаванд", - гуфтааст Тошиев.

Вай ҳамчунин аз тоҷирон даъват кардааст, ки ба иғво дода нашаванд.

Пештар аз ин ба гирдиҳамоии фурӯшандаҳои бозорҳо президенти он кишвар Содир Ҷабборов вокуниш карда буд. Ҷабборов ба ҳузури фурӯшандаҳои бозори "Дордой" дар канори шаҳри Бишкек рафт ва бо фурӯшандаҳо гуфтугӯ кард.

Ҷабборов дар ҳузури фурӯшандаҳо ваъда кард, ки низоми нави андозбандӣ то 1-уми июли соли 2024 ба таъхир гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG