Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи қазоқ дар боздоштгоҳ 13 килограм лоғар шудааст


Раҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!"Марат Жиланбоев аз оғози гуруснанишинияш дар боздоштгоҳ дар рӯзи 1 ноябр то ҳол 13 килограм лоғар шудааст.

"Нав аз боздоштгоҳ баромадам. Дар он ҷо бо Марат Жиланбоев вохӯрдам. Жиланбоев рӯзи 1 ноябр 72 килограм вазн дошт ва 15 ноябр вазни ӯ 59 килограм шудааст", - мегӯяд, вакили дифои мухолифи қазоқ Меиржан Доскараев дар видеое, ки дар шабакаи иҷтимоии TikTok нашр шуд.

Доскараев ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки баррасии парвандаи шахси зери ҳимояаш 30 октябр сар шуда, бо дархости шоҳидон пушти дарҳои баста идома дорад.

Жиланбоеви 60-сола, ки аз амалҳои мақомот танқид ва дар гирдиҳамоиҳо иштирок мекард, моҳи майи соли ҷорӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд, дертар бо айби "иштирок дар созмони фаъолияташ мамнуъ" ва "сармоягузории созмони тундгаро" нисбаташ парвандаи ҷноӣ боз шуд. Жиланбоев ва ҷонибдоронаш гуфтанд, ин айбҳо ангезаи сиёсӣ доранд.

Дар маводи парванда омадааст, ки Жиланбоев гӯё бо Мухтор Аблязов, роҳбари ҳаракати дар Қазоқистон мамнуи "Интихоби демократӣ" тамос дорад. Худи Жиланбоев ин иттиҳомро қотеъона рад кардааст.

XS
SM
MD
LG