Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден хостори оташбаси Ғазза шуд. Нетаняҳу рад кард


Бинои бар асари ҳамлаи Исроил харобшуда дар Ғазза
Бинои бар асари ҳамлаи Исроил харобшуда дар Ғазза

Ҷо Байден, президенти Амрико дар суҳбати телефонӣ аз Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил хостааст, ки дар ҳамла ба Ғазза муваққатан таваққуф эълон кунанд.

Пештар нашрияи Axios бо такя ба чанд манбаъ навишт, ки Ҷо Байден ба Нетаняҳу гуфтааст, ки се рӯз ҷангро барои раҳоии қисме аз гаравгонон қатъ кунад.

Ҳамлаи Исроил ба Ғазза дар посух ба ҳамлаи ҲАМОС вокунишҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои минтақаро ба бор овард.

Нетаняҳу дар муроҷиати телевизиониаш таъкид кард, ки то ҲАМОС ҳама гаравгононро озод накунад, на амалиёти низомӣ қатъ мешавад, на ба интиқоли маводи сӯзишворӣ ба Ғазза иҷозат медиҳанд. Ӯ гуфтааст, ки оташбас ба нерӯҳои Исроил дар мубориза бо ҲАМОС халал мерасонад. "Ягона роҳи фишор ба террористони ҲАМОС ин фишори низомӣ аст, ки мо анҷом медиҳем,”—гуфт ӯ.

Дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза дар як моҳи ахир беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксарашон ба гуфтаи мақомоти ин минтақа, занону кӯдакон ҳастанд. Исроил мегӯяд, ҲАМОС аҳолии осоиштаро ҳамчун сипари зинда истифода мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, аҳолии осоишта ҳимоят карда шавад.

Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ягон ҷои Ғазза барои мардуми осоишта амн нест ва Исроил ҳама ҷоро бомборон мекунад. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳамлаҳои Исроил бемористонҳо, паноҳгоҳҳо ва мактабе, ки бо кумаки СММ фаъолият мекунад, хароб шуда, зиёда аз 140 корманди созмонҳои байнулмилал дар ин ҷо ба ҳалокат расидаанд.

Исроил гуфтааст, ки шаҳри Ғаззаро муҳосира кардааст ва қадам ба қадам пешравӣ мекунад. ҲАМОС низ бо нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки тонкҳои Исроилро хароб ва ба неруҳои талафот ворид кардааст.

Рӯзи 7-уми октябр ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард ва 1400 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил дар посух гуфт, то ҲАМОС-ро нобуд накунад, ором намешинад. Ҳоло маълум нест, чӣ теъдоде аз ҷангҷӯёни ин созмон кушта шудаанд, вале мақомоти тандурустии ҲАМОС мегӯянд, беш аз 10 ҳазор аҳолии осоишта дар ҳамлаҳои Исроил ҷон бохтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG