Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия эътирозгарон талош карданд, ба пойгоҳи ИМА ворид шаванд


Пулиси Туркия зидди эътирозгароне, ки талош карданд, ба пойгоҳи ҳавоии Инҷирлики Амрико дар канори шаҳри Адана ворид шаванд, гази ашковар истифода кардааст.

Телевизиони "NTV" иттилоъ додаааст, ки гуруҳе аз мардум зидди Исроил ва Амрико эътироз карда, талаб намуданд, ки пойгоҳ баста шавад.

Ба иттилои телевизион, бархе аз иштирокдорон аз Истамбул ба Адана рафтаанд ва ба онҳо сокинони маҳаллӣ пайвастаанд. Кормандони пулис роҳ ба сӯи пойгоҳро бастанд.

Рӯзи 7-уми октябр "Ҳамос", ки Ғаззаро зери назорат дошт, ба хоки Исроил ҳамла кард. Дар ин ҳамла 1400 нафар кушта шуд ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтанд. Дар посух Исроил ба Ғазза ҳамла кард ва тақрибан як моҳ боз ин минтақаи муҳосирашуда бомборон мешавад.

Беш аз 9 ҳазор нафар, ки бештарашон занону кӯдакон ҳастанд, дар ҳамлаҳои Исроил кушта шудааст. Бархе созмону кишварҳо рафтори Исроил дар Ғазза, аз ҷумла куштани занону кӯдаконро маҳкум карданд ва ба оташбаси фаврӣ даъват карданд. Исроил ҳанӯз ин дархостро напазируфтааст ва ба амалиёташ дар Ғазза давом медиҳад.

XS
SM
MD
LG