Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ниҳодҳои СММ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза


Раисони 11 ниҳоди зертобеи Созмони Милали Муттаҳид ва 6 созмони башардӯстона бо нашри баёнияи муштарак, хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза, муҳофизат аз ҷони ғайринизомиён ва иҷозаи интиқоли ҳарчи зудтари об, дору ва маводи сӯхт ба Ғазза шуданд.

Ин баёния, ки шоми якшанбе нашр шуд, ҳамлаҳои ғофилгиронаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябрро "ваҳшатнок" хондааст.

Раисони "Кумитаҳои доимии байнисозмонии СММ дар умури Исроил ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин" таъкид кардаанд, ки аммо "бо ин ҳол куштори ғайринизомиё дар Ғазза низ, ки шуморашон бештар аст, ваҳшатнок мебошад. Дастрасии 2,2 миллион фаластинӣ ба ғизо, об, дору, барқ ва маводи сӯхт қатъ шудааст".

Созмони Милали Муттаҳи ва ниҳодҳои башардӯстона дар идомаи ин баёния афзудаанд, ки беш аз 23 ҳазор захмӣ ба табобати оҷил ниёз доранд, дар ҳоле, ки зарфиятҳои бемористонҳои Ғазза ба ҳеҷ ваҷҳ ҷавобгӯ нест.

Ин баёнияи муштарак мегӯяд, "ҳамаи аҳолии Ғазза акнун муҳосира шудаанд ва ҳадафи ҳамла қарор доранд. Онҳо аз дастрасӣ ба васоили зарурӣ барои бақо маҳрум ҳастанд ва дар хонаҳо, паноҳгоҳҳо, бемористонҳо ва ибодатгоҳҳои худ бомбаборон мешаванд".

Баёнияи ёдшуда ҳамчунин меафзояд, ки коркунони бахши имдодрасонӣ ва тандурустӣ дар Ғазза аз оғози ҷанг то кунун беш аз 100 бор ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд ва 88 нафар аз кормандони Оҷонси кӯмакрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ дар Ховари Миёна кушта шудаанд, ки болотарин омори кушташудагони СММ дар як ҷанг ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар ҷараёни суханронии ҳафтавори худ дар Ватикан хостори қатъи ҷанг ва барқарории оташбас барои наҷоти захмиҳо ва низ расидани кӯмакаҳои башардӯстона шуд.

Ӯ гуфтааст, "ман ҳанӯз ба вазъияти бӯҳронии Фаластин ва Исроил фикр мекунам. Афроди зиёде дар онҷо ҷони худро аз даст додаанд. Аз шумо мехоҳам, ки барои ризои Худо даст аз ҷанг бардоред ва оташбас эълон кунед".

Попи Рум вазъияти инсониро дар Ғаззар ҳассос унвон кард ва хостори озодии фаврии гаравгонҳои исроилӣ шуд. Беш аз 230 исроилӣ ҳамакнун дар асорати "Ҳамос" қарор доранд.

Раҳбарон ва сиёсатмадорони дигари ҷаҳон низ хостори барқарории оташбас миёни Исроил ва "Ҳамос" шудаанд. Аммо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" ба нақл аз Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, то вақте, ки ҳамаи гаравгонҳои онҳо озод нашаванд, имкони барқарории оташбас вуҷуд надорад. Амрико гуфтааст, ки оташбас ба нафъи "Ҳамос" аст ва ба ин гурӯҳ имкон медиҳад, ки нафаси худро рост кунад ва нерӯҳояшро дигарбора басеҷ намояд.

Дар пайи ҳамлаи рӯзи 7-уми октябри "Ҳамос" ба Исроил, Телавив амалиёти худро алайҳи гурӯҳҳои фаластинӣ дар Ғазза оғоз кард. Аз он замон то кунун беш аз 9700 фаластинӣ кушта шудаанд, ки бештари онҳо кӯдакон ва занон мебошанд. Аз ҷониби Исроил беш аз 1400 нафар кушта шудааст, ки садҳо нафари онҳо низомиён мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG