Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

76 шаҳрванди Қазоқистон дар Ғазза қарор доранд


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 76 шаҳрванди ин кишвар дар навори Ғазза ҳастанд.

"Теъдоди онҳо бо аъзои оилаашон ба 161 нафар мерасад. Мақомоти ҳам Миср ва ҳам Исроил ба берун рафтани аъзои хонаводаи шаҳрвандони хориҷӣ талаботи муайян доранд. Берун омадани сеяки онҳо номумкин аст. Инҳо кӯдакон, ҳамсарон ва набераҳои онҳо ҳастанд. Бинобар ин, бархе аз шаҳрвандони мо розӣ нестанд, ки навори Ғаззаро бе аъзои хонаводаашон тарк кунанд", - изҳор дошт сухангӯи вазорат Айбек Смадияров 6-уми ноябр дар нишасти хабарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, сафорати Қазоқистон дар Қоҳира барои берун бурдани қазоқистониҳо аз Ғазза пайваста бо мақомоти Миср гуфтугӯ мекунад.

Гузаргоҳи Рафаҳ, ки дар миёни Ғазза ва Миср аст, 1-уми ноябр барои берун рафтани хориҷиҳо аз навори Ғазза муваққатан боз карда шуд.

XS
SM
MD
LG