Беш аз 700 ҳазори онҳо дар муассисаҳои сохтаи СММ паноҳ бурдаанд. Инҳо мактаб, беморхона ва паноҳгоҳҳои муваққатӣ ҳастанд. Ин созмон гуфтааст, ба ҳамаи онҳое, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, ҷой дода наметавонад.
Миср, ки Ғазза бо он гузаргоҳ дорад, аз қабули паноҳандагон худдорӣ кардааст. Танҳо аз аввали моҳи ноябр Миср иҷоза дод, ки тариқи гузаргоҳи Рафаҳ хориҷиён ва захмиён аз Ғазза берун шаванд.
Артиши Исроил амалиёташро дар Ғазза давом медиҳад. Низомиёни Исроил эълон карданд, ки аз 7-уми октябр то кунун ба 2500 ҳадаф дар Ғазза зарба заданд ва ҳоло омодаи муҳосираи комили шаҳри Ғазза ҳастанд.
Исроил гуфт, 28 сарбозаш дар Ғазза кушта шудааст.
Мақомоти Ғазза гуфтанд, дар ҳамлаҳои Исроил беш аз нӯҳ ҳазор нафар, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд, кушта шудаанд.
ҲАМОС дар посух ҳанӯз шаҳрҳои Исроилро мушакборон мекунад.
Ҷанг дар Ғазза пас аз он сар шуд, ки ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард ва 1400 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт.