Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ: "Ғазза дар ҳоли табдил шудан ба гӯристони кӯдакон аст"


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, Ғазза дар ҳоли табдил шудан ба "қабристони кӯдакон" аст. Ин суханони ӯ хашми Исроилро барангехт.

Антонио Гутерреш рӯзи 6-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милал гуфт, рӯзона садҳо кӯдак дар Ғазза кушта мешаванд ва таъкид кард, ки ҳеч тараф дар танишҳои мусаллаҳона "болотар аз қонунҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ" нест.

Ба гузориши "Рейтерс", дабири кулли Созмони Милал ба хабарнигорон гуфт, дар амалиёти заминӣ ва идомаи бомбаборони Ғазза аз сӯйи нерӯҳои Исроил, ғайринизомиён, бемористонҳо, паноҳгоҳҳои муҳоҷирон, масоҷид, калисоҳо ва ниҳодҳои зертобеи СММ ҳадаф қарор мегиранд. Ӯ афзуд, ҳеч кас аз ин ҳамлаҳо эмин нест.

Ба гуфтаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, "Ҳамос" ва дигар гурӯҳҳои ниманизомии фаластинӣ аз ғайринизомиён ҳамчуни сипари инсонӣ истифода мекунанд ва партоби кӯр-кӯронаи мушак ба самти Исроилро идома медиҳанд. Антонио Гутерреш хоҳони барқарории оташбаси фаврӣ ва раҳоии беқайду шарти ҳамаи гаравгонҳо шуд.

Аз замони оғози ҷанг дар Ғазза 88 корманди Оҷонси кӯмакрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ дар Ховари Миёна кушта шудаанд, ки болотарин омори ҷонбохтагони СММ дар як ҷанг ба шумор меравад.

Вазири корҳои хориҷии Исроил дар вокуниш ба суханони дабири кулли СММ, ки Ғаззаро "гӯристони кӯдакон" хонда, хостори оташбас шуд, ба шиддат интиқод кард.

Эли Коҳен дар шабакаи Х (Твиттери пешин) хитоб ба Антонио Гутерреш навишт, "Шарм бар ту!" ва сипас ба беш аз 30 кӯдак, аз ҷумла, як навзоди исроилӣ ишора кард, ки "шоҳиди кушта шудани волидон"-и худ аз сӯи нерӯҳои "Ҳамос" буданд ва дар Ғазза гаравгон гирифта шудаанд.

Ӯ дар идома навишт, "мушкили Ғазза "Ҳамос" аст, на иқдомоти Исроил, ки қасд дорад ин гурӯҳи террористиро нобуд кунад".

Бар асари ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр, 1400 кушта ва беш аз 240 тани дигар ба гарав гирифта шуданд.

Вазорати тандурустии Ғазза, ки дар ихтиёри гурӯҳи "Ҳамос" аст, мегӯяд, аз замони оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то кунун беш аз 10 ҳазор нафар ҷон бохтаанд, ки зиёда аз 4100 нафари онҳо кӯдакон ва зиёда аз 2000 нафари дигар занҳо мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG