Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ғазза оташбас мешавад?


Дар Ғазза захмиёну кушташудагонро аз харобаҳо берун меоваранд.
Дар Ғазза захмиёну кушташудагонро аз харобаҳо берун меоваранд.

Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи 4-уми ноябр хабар дод, ки дар бораи отшабаси муваққатӣ миёни Исроил ва ҲАМОС барои расонидани кумакҳои башардӯстона дар Ғазза пешравӣ ба даст омадааст.

Ӯ ин ҳарфро ҳангоми берун шудан аз як калисои дар аёлати Делавэр ба хабарнигорон гуфт, вале тафсилот надод.

Исроил пас аз ҳамлаи маргбори ҲАМОС дар 7-уми октябр ба хокаш як моҳ боз борикаи Ғаззаро бомборон мекунад ва ба даъватҳо барои қатъи оташбас розӣ намешавад. Созмонҳои имдодрасон мегӯянд, вазъ дар Ғазза даҳшатнок аст ва агар барои расонидани кумакҳои башардӯстона ҷанг қатъ нашавад, фалокати бузургтаре пеш хоҳад омад.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико дар сафараш ба Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна ин мавзуро пайгирӣ кардааст.

Рӯзи шанбе Блинкен дар пойтахти Умон ба журналистон гуфт, ки Исроил ба оташбаси муваққатӣ розӣ намешавад, чун ба ин бовар аст, ки ба ҲАМОС имкони барқарор шудан медиҳад.

Рӯзи 7-уми октябр ҲАМОС, ки Ғаззаро зери назорат дошт, ба хоки Исроил ҳамла кард. Дар ин ҳамла 1400 нафар кушта шуд ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтанд. Дар посух Исроил ба Ғазза ҳамла кард ва тақрибан як моҳ боз ин минтақаи муҳосирашуда бомборон мешавад.

Беш аз 9 ҳазор нафар, ки бештарашон занону кӯдакон ҳастанд, дар ҳамлаҳои Исроил кушта шудааст. Бархе созмону кишварҳо рафтори Исроил дар Ғазза, аз ҷумла куштани занону кӯдаконро маҳкум карданд ва ба оташбаси фаврӣ даъват карданд. Исроил ҳанӯз ин дархостро напазируфтааст ва ба амалиёташ дар Ғазза давом медиҳад.

XS
SM
MD
LG