Як хонавода, ки шоҳиди ҳодисаҳои як моҳи охир дар Навори Ғазза аст, аз ин минтақаи зери назорати "Ҳамос" ва таҳти муҳосираи Исроил берун омадааст. Салӣ Шарафӣ мегӯяд, аз рӯзҳои аввали ҷанг талош карданд, ки худро ба макони амн расонанд, аммо қариб як моҳ тӯл кашид.
Ӯ ва шавҳару духтари чорсолааш шаби 3 ба 4-уми ноябр ба Булғористон расиданд. Ҷое, ки шаҳрвандияшро доранд. "Дар Ғазза на интернет ҳаст, на иртибот. Бисёр мушкил аст. Ман ҳомила ҳастам. Кобус медидам, ки ҳамонҷо, дар хона, бе ёрии тиббӣ, тифламро ба дунё меорам. Бемористонҳо бе сӯзишворӣ, бе ҳеч чиз мондаанд. Дар онҷо макони амне нест. На хона амн аст, на кӯча," – нақл кард ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ.
Сика Шарафӣ омадани бесаброна омадани писару набера ва арӯси хонадонро дар фурудгоҳи пойтахти Булғористон мунтазир буд. Ӯ мегӯяд, дар тақрибан як моҳи охир хобу хӯри ором надошт, чун аз сарнавишти фарзанду келин ва наберааш нигаронӣ дошт.
"Намедонед, ки дар он ҷо бо наздикони шумо, бо оилаатон чӣ мегузарад. На ҳама вақт дар тамос будем чун барқу интернетро қатъ кардаанд. Дертар яке аз писаронам роҳи тамосро бо бародараш ёфта буд ва аз ин тариқ паём медоданд, ки дар чӣ ҳол ҳастанд," – гуфт ӯ.
Хонаводаи иборат аз се нафар аз Қоҳира тавассути Афина ба Булғористон расиданд. Онҳо рӯзи якуми ноябр тавассути гузаргоҳи "Рафаҳ" ба Миср гузашта буданд. Баъди онки ба баъзе аз ғайринизомиён иҷоза шуд, Навори Ғаззаро тарк кунанд.
Пештар гуруҳи фаластинии "Ҳамос" рӯйхати шахсонеро нашр кард, ки метавонанд аз Навори Ғазза бароянд ва ба он 37 булғористонӣ шомил буд. Мақомот мегӯянд, то кунун 36 нафари онҳо сарҳади Мисрро гузаштаанд, аммо яке аз онҳо пизишк аст ва хоста, ки барои ёрӣ ба мардум дар Ғазза бимонад.
Аз ин теъдод хонаводаи Шарафӣ танҳо оилае аст, ки аз Навори Ғазза то Аврупо расид. Шаҳрвандони дигари Булғористон ҳанӯз дар Қоҳира ҳастанд. Интизор мерафт, қисми зиёди онҳо 3-юми ноябр тавассути Рум ба кишвари худ бирасанд, аммо наздиконашон гуфтанд, ки Итолиё иҷозат надод.
Хонум Шарафӣ мегӯяд, хушбахт аст, ки ҳамроҳи ҳамсару духтараш зиндаву саломат ба макони амн расиданд, вале дар ҳоле ки даргирӣ байни Исроилу нерӯҳои “Ҳамос” ҷараён дорад, дилаш ҳанӯз ором нест. "Умед дорам, ки ҷанг ҳарчи зудтар поён биёбад, чунки дар онҷо мардум ва кӯдакон қурбон мешаванд. Қурбониҳо зиёд ҳастанд,"– гуфт ӯ.
Ҷанги Исроил ва "Ҳамос" аз 7-уми октябр боз идома дорад. Телавив мегӯяд, бар асари ҳуҷуми "Ҳамос" ба ҷануби Исроил 1400 кас кушта шуда, 240 нафар гаравгон афтоданд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери итоати “Ҳамос” аст, дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил дар чор ҳафтаи гузашта беш аз 9000 кас кушта шудаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳамин навор дар Ютуб:
Гуфтугӯ