Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат, замин ё паноҳҷӯён? Мушкили асосии Исроил ва Фаластин чист?


Як ҳамлаи ногаҳонӣ рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ҷангро миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” дигарбора аланга дод ва таваҷҷуҳро ба таърихчаи ин низоъ кашонд. Ду тараф зиёда аз ҳафтод сол боз баҳсу муноқиша доранд. Ҷанги охир яке аз он даргириҳоест, ки пойи қудратҳои хориҷиро ба тарафи худ кашид ва гӯшаҳои бештари Ховари Миёнаро ноором кард.

САРЧАШМАИ НИЗОЪ КАДОМ АСТ?

Ин муноқиша талаботи Исроилро барои таъмини амният дар муқобили ормонҳои фаластиниён барои ташкили давлати мустақил мегузорад. Дар минтақае, ки Исроил худро дар миёни душманон мепиндорад.

Бунёдгузори Исроил, Дэвид Бен-Гурион, 14-уми майи соли 1948 вуҷуди давлати нави Исроилро эълон кард. Вай барои яҳудиёне, ки аз таъқиб мегурезанд ва дар ҷустуҷӯйи хонаву сарзамине бо решаҳои гузаштаи худ ҳастанд, паноҳгоҳи амн сохт.

Фаластиниҳо эҷоди Исроилро фоҷиа ва боис ба таассуф медонанд, чун сабаби тасарруфи моликият ва монеи орзуи давлатдории онҳо шудааст. Дар ҷанге, ки дертар сар зад, тақрибан 700 ҳазор фаластинӣ, ниме аз аҳолии араби Фаластин (он замон зери идораи Бритониё) фирор карданд ё аз хонаҳояшон ронда шуданд. Онҳо дар Урдун, Либия, Сурия ва инчунин Ғазза, Каронаи Ғарбӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ ҷой гирифтанд.

Исроил, ҳампаймони наздики Иёлоти Муттаҳида, иддаои аз хонаҳояшон рондани фаластиниёнро намепазирад ва, баръакс, таъкид дорад, ки баъд аз як рӯзи таъсисаш панҷ кишвари арабӣ ба он ҳамла карданд. Оташбаси соли 1949 ҷангро боздошт, аммо он сулҳи расмӣ набуд.

Фаластиниҳо шимоли Ғаззаро холӣ мекунанд
Фаластиниҳо шимоли Ғаззаро холӣ мекунанд

ҶАНГҲОИ КАЛОН

Исроил дар соли 1967 ба Миср ва Сурия зарба зада, ҷанги шашрӯзаро оғоз бахшид. Сипас Каронаи Ғарбӣ, Байтулмуқаддаси Шарқии Араб ва теппаҳои Ҷулони Сурияро ишғол намуд. Байтулмуқаддаси Шарқии Арабро аз дасти Урдун гирифт.

Миср ва Сурия дар соли 1973 ба мавқеи исроилиҳо дар дарозо ё қад-қади Канали Суетс ва теппаҳои Ҷулон ҳуҷум карда, ҷанги Йом Кипурро сар карданд. Исроил дар давоми се ҳафта артиши ҳарду кишварро ақиб ронд.

Исроил дар соли 1982 ба Лубнон ҳуҷум кард ва ҳазорон нерӯи фаластинӣ зери раҳбарии Ёсир Арафот пас аз даҳ ҳафта муҳосира тавассути баҳр берун рафтанд. Ҷангҷӯёни “Ҳизбуллоҳ” дар соли 2006 ду сарбози исроилиро асир гирифтанд. Исроил интиқом ситонд ва дар Лубнон дубора ҷанг сар шуд.

Соли 2005 Исроил Ғаззаро тарк кард. Маконеро, ки 38 сол қабл аз он аз Миср гирифта буд. Вале Ғазза дар солҳои 2006, 2008, 2012, 2014 ва 2021 низ шоҳиди даргирӣ шуд. Аз як тараф ҳамлаҳои ҳавоии Исроил, аз сӯйи дигар мушакпарониҳои Фаластин. Гоҳе ҳамлаҳои заминӣ аз ин ё он тараф.

Дар баробари ҷангҳо, байни солҳои 1987-1993 ва 2000-2005 ду интифоза ё қиёми фаластиниҳо иттифоқ уфтод. Дар интифозаи дувум мавҷи бомбгузориҳои маргталабонаи “Ҳамос” алайҳи исроилиён мушоҳида шуд.

КӮШИШИ РАСИДАН БА СУЛҲ

Соли 1979. Миср ва Исроил паймони сулҳро имзо карда, ба душмании сисола поён доданд.

Соли 1993. Сарвазири Исроил Исҳоқ Рабин ва раҳбари фаластиниён Ёсир Арафот дар Осло, маркази Норвегия, дасти якдигарро фишурданд. Ҷое, ки созиш дар бораи мухторияти маҳдуди Фаластин имзо шуд.

Соли 1994. Исроил бо Урдун сулҳ баст.

Соли 2000. Раисиҷумҳури Амрико Бил Клинтон, сарвазири Исроил Эҳуд Барак ва раҳбари фаластиниён Ёсир Арафот дар нишасти Кэмп Дэвид ба созиши ниҳоии сулҳ нарасиданд.

Соли 2002. Ба Исроил пешниҳод шуд, ки дар ивази

пурра берун рафтан аз заминҳои ишғолӣ дар ҷанги соли 1967;

ташкили давлати Фаластин;

ҳалли қазияи паноҳҷӯён

муносибати кишварҳои арабӣ бо Телавив одӣ ё маъмулӣ хоҳад шуд.

Кӯшишҳои расидан ба сулҳ аз соли 2014 боз мутаваққиф шудааст. Замоне ки музокирот миёни Исроил ва Фаластин дар Вашингтон ноком шуд.

Дертар фаластиниҳо муомиларо бо маъмурияти президенти собиқи Амрико Доналд Трамп “бойкот” карданд, чун ӯ сиёсати пешинаи Иёлоти Муттаҳидаро тағйир дод ва нақшаи ташкили ду давлат, аз ҷумла Фаластинро (дар сарзаминҳое, ки Исроил соли 1967 гирифта буд) рад намуд.

Маъмурияти президенти Амрико Ҷо Байден талоши худро барои одӣ кардани равобити Исроил ва Арабистони Саудӣ равона намудааст.

Ҷанги охир барои Риёз ва кишварҳои дигари арабӣ, аз ҷумла кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ки ба мисли Саудӣ бо Исроил қарордоди сулҳ имзо кардаанд, аз назари дипломатӣ ногувор аст.

Навори Ғазза
Навори Ғазза

МУШКИЛИ АСОСӢ ЧИСТ?

Ташкили давлат, шаҳракҳои исроилӣ, мақоми Байтулмуқаддас ва қазияи паноҳҷӯён аз масъалаҳои асосии баҳс миёни Исроил ва Фаластин аст.

Ду давлат. Ин созишнома бунёди давлати Фаластинро дар Каронаи Ғарбӣ ва Навори Ғазза (дар канори Исроил) дар назар дорад. Аммо гуруҳи фаластинии “Ҳамос” ин роҳи ҳалро намепазирад ва қавл додааст, ки Исроилро нобуд хоаҳд кард. Исроил гуфтааст, давлати Фаластин бояд ғайринизомӣ бошад, то ба Телавив таҳдид накунад.

Шаҳракҳо. Аксар кишварҳо шаҳракҳои сохтаи яҳудиёнро дар заминҳое, ки Исроил соли 1967 ишғол кардааст, ғайриқонунӣ медонанд. Исроил розӣ нест ва пайвандҳои таърихияшро бо ин сарзамин далел меорад. Идомаи бунёди шаҳракҳо аз масъалаи баҳсбарангезтарин байни Исроил, фаластиниҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Байтулмуқаддас. Фаластиниҳо мехоҳанд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ (макони муқаддас барои мусулмонон, яҳудиён ва насрониён) пойтахти давлати онҳо бошад. Исроил мегӯяд, Байтулмуқаддас бояд пойтахти “ҷудонопазир ва ҷовидонӣ”-яш бимонад. Даъвои Исроил ба қисмати шарқии Байтулмуқаддас дар сатҳи байнулмилалӣ эътироф нашудааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико, бе мушаххас кардани ҳудуди салоҳияти ин шаҳри баҳсбарангезро ҳамчун пойтахти Исроил эътироф кард. Соли 2018 сафорати Амрикоро аз Телавив ба онҷо кӯчонданд.

Паноҳҷӯён. Феълан ҳудуди 5,6 миллион паноҳҷӯи фаластинӣ дар Урдун, Лубнон, Сурия, Каронаи Ғарбии ишғолшуда ва Ғазза зиндагӣ мекунанд. Онҳо насли паноҳҷӯёне ҳастанд, ки ҳанӯз соли 1948 аз Фаластин фирор кардаанд. Ба иттилоти Вазорати корҳои хориҷии Фаластин, тақрибан нисфе аз гурезаҳои сабтиномшуда шаҳрвандӣ надоранд ва бисёре аз онҳо дар урдугоҳҳои пуродам ба сар мебаранд. Фаластиниён солҳо боз талаб доранд, ки барои бозгаштани паноҳҷӯён ва миллионҳо фарзанди онҳо иҷозат дода шавад. Исроил мегӯяд, паноҳҷӯёни фаластинӣ бояд берун аз марзҳои он ҷойгир шаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG