Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақли як тоҷик дар бораи ончӣ дар Исроил мегузарад. ВИДЕО


Неруҳои "Ҳамос" дар рӯзи аввали ҷанг ба ин фестивали мусиқӣ ҳамла карданд
Неруҳои "Ҳамос" дар рӯзи аввали ҷанг ба ин фестивали мусиқӣ ҳамла карданд

Ҳамлаи ғофилгиронаи гуруҳи "Ҳамос" ва бомбборони артиши Исроил болои Навори Ғазза, сокинони мулкиро дар ду тараф ваҳшатзада кардааст. Аз ҷумла Барчиной Истамқулова, тоҷике аз Самарқандро, ки дар Исроил кор мекунад.  

Барчинойи 37-сола чор сол пеш ба Исроил рафт ва ҳоло дар шаҳри Ҳайфо парастории як зани пиронсолро ба уҳда дорад. Ӯ барои ҳолати хатар омода шуда, заруртарин чизҳоро барои 72 соат захира кардааст.

Барчиной дар хона нишаста, ҳаводисро аз телевизион пайгирӣ мекунад. Ӯ субҳи 7-уми октябрро чунин ба ёд меорад:

“Шанбе, саҳар соати 6:30 сар шуд. Ҳама фаҳмидем. Ҳамаро хезонданд, огоҳ шавед гуфтанд. Чанд касро дошта бурданд. Дарҳоро қулф кардем. Аз хона набароед, ҳеҷ куҷоро накушоед, гуфтанд. Мактаб, боғча ҳамаро махкам кардаанд. Имрӯз то нисфирӯз кушоданд.”

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Як тоҷик дар Исроил оғози ҷангро нақл кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Барчиной ва даҳҳо шаҳрванди Узбекистон, ки дар Исроил ҳастанд, аз Сафорати Узбекистон паём гирифтанд. Сафорат аз узбекистониҳои муқими Исроил хостааст, "тамоми чораҳои бехатариро риоя карда, дар ҷойҳои амн истанд ва то огоҳии расмӣ ин маконҳоро тарк накунанд." Миёни Тошканд ва Тел Авив хатсайри мустақим амал мекунад ва баъди оғози ҷанги “Ҳамос” ва Исроил ҳам парвозҳо қатъ нашудаанд.

Истамқулова мегӯяд, ба ӯ ва дигар шаҳрвандони Узбекистон пешниҳод кардаанд, ки хоҳишмандон метавонанд ба ватан баргарданд. Аммо Барчиной феълан нияти бозгашт надорад. Ӯ бештар аз ҳаёти ҳамсари бародараш дар шаҳри Ашдод нигарон аст, ки шоҳиди таркишҳои мудҳиш шудааст.

“Ҳар замон гиря мекунад, тарсидааст. Чанд одам дар пеши назарашон мурданд, ҳама ҷо сип-сиёҳ мегӯяд. Ҳозир гап задам, ба онҳо гуфтаанд, ки аз хона набароед,”-афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дар он тарафи ҷабҳа дар Навори Ғазза ҳам аҳволи мардум беҳтар аз ин нест. Артиши Исроил чор рӯз аст, ки дар посух ба ҳамлаҳои “Ҳамос” Ғаззаро мушакборон мекунад.

Иброҳим Нофал, сокини Ҷабалия ба хабарнигорон гуфт, “беш аз чор хона дар ноҳияи Ал-Транси Ҷабалия хароб шуданд. Зиёда аз 50-60 нафар ҳалок шуданд. Талафот хеле зиёд, харобкориҳои беҳисоб. Ё Худо, онҳо одамонро берун мебароранд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ҷанг ҷони 900 исроилӣ ва 700 фаластиниро гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Бо гузашти ҳар соат талафот дар Исроил ва Навори Ғазза зиёдтар мешавад. Тибқи охирин хабарҳо то субҳи 11 октябр шумораи қурбониён дар Исроил аз 1200 кас гузашт. Расонаҳои исроилӣ навиштанд, дар ҳамлаи “Ҳамос” то ин дам наздики 3 ҳазор нафар дар Исроил захмӣ шуда, сарнавишти 150 тани рабудашуда норӯшан аст. Вазорати тандурустии Фаластин теъдоди қурбониёнро то ин дам 900 кас гуфтааст, ки нисфи онҳо кӯдакон ва занон ҳастанд. Наздики 4500 кас дар Навори Ғазза дар пайи ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил захмӣ шудаанд. Дафтари ҳамоҳангсозии кӯмакҳои Созмони Милал гуфт, зиёда аз 263 ҳазор сокини Ғазза маҷбур шуданд хонаҳояшонро тарк кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG