Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги "Ҳамос" ва Исроил чӣ паём ва чӣ пайомад дорад? ВИДЕО


Ҳамлаи бесобиқаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил на танҳо талошҳоро барои эҷоди шароити нави амниятӣ дар Ховари Миёна, балки ормони фаластиниён ва пуштибони калидии онҳо – Эронро барои сохтани давлати алоҳида ба ҳам хоҳад зад.

Ҳуҷум ба Исроил рӯзи 7-уми октябри имсол сурат гирифта, дар даҳаҳои охир назир надошт. Он ба замоне рост омад, ки Амрико аз кӯшиши одӣ шудани равобит миёни Арабистони Саудӣ ва Исроил (бар ивази як созиши дифоӣ миёни Вашингтон ва Риёз) пуштибонӣ мекунад. Ин ҳуҷум, инчунин, метавонад талошҳои ахири Саудӣ ва Эронро барои беҳбуди муносибат ба ҳам занад.

Мақомоти фаластинӣ ва як манбаъ дар минтақа гуфтанд, паёми ҳамлаварон ба Исроил ин аст, ки агар онҳо дар фикри амният бошанд, фаластинҳоро нодида гирифта намешавад. Яъне, ҳама гуна созиш бо Арабистони Саудӣ кӯшишҳои одӣ шудани муносибатҳоро бо Эрон пеши по мезанад.

Дар ин ҳамла садҳо нафар дар Исроил кушта шуданд. Аксуламали исроилиҳо ҳам боис ба марги садҳо нафар дар Навори Ғазза шуд.

Исмоил Ҳания
Исмоил Ҳания

Исмоил Ҳания, раҳбари "Ҳамос", ки Навори Ғаззаро назорат мекунад, дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Ҷазира" гуфт: "Ҳамаи созишҳое, ки шумо (яъне давлатҳои арабӣ) имзо кардаед (бо Исроил), боис ба хатми низоъҳо намешавад."

Як манбаи дигар дар минтақа, ки бо афкори мақомоти Эрон ва гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнони зери ҳимояти Теҳрон шинос аст, гуфт: "Ин паём ба Арабистони Саудӣ нигаронида шудааст, ки ба Исроил моил аст. Инчунин ба Амрико равона шудааст, ки дар ин муносибатҳо аз Исроил пуштибонӣ мекунад. Яъне "агар бо фаластиниҳо баробар муносибат нашавад, тамоми минтақа ноамн хоҳад буд."

Ин манбаъ гуфт, "он чи ки рух дод, касе интизор набуд. Низоъ ба марҳилаи калидӣ расидааст."

Ҳуҷуми "Ҳамос" аз Ғазза дар ҳоле рух дод, ки чанд моҳ пеш Соҳилҳои ғарбии ишғолшуда аз ҷониби Исроил шоҳиди афзоиши хушунатҳо гардид: исроилиҳо амалиётро бештар карда, ҳамлаҳои хиёбонӣ ба фаластиниҳо ва ҳуҷуми сокинони шаҳракҳои яҳудинишин ба деҳоти фаластинӣ афзуд. Шароит барои фаластиниҳо дар давраи ҳукумати ростгарои нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бадтар гардид. Давоми чанд сол ҷараёнҳои эҷоди сулҳ боздошта шуд.

Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Дар ҳамин шароит Арабистони Саудӣ ва Исроил ишора карданд, ки нияти одӣ кардани муносибатҳоро доранд. Манбаъҳо пештар ба "Рейтерс" гуфтанд, ки омодагии шоҳигарии Саудӣ барои ҳифзи созиши дифоӣ бо Амрико ба он маъност, ки ин кишвар барои гузаштҳо ба фаластиниҳо аз созиши одишавии муносибатҳо даст намекашад.

Лаура Блуменелд, як таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Вашингтон мегӯяд, эҳтимол "Ҳамос" дар ҷараёни пешрафти равобити Арабистону Исроил худро то андозае нолозим эҳсос кардааст. Ӯ гуфт, “Ҳамос” чун дид, ки исроилиҳову саудиҳо торафт барои имзои созиш наздиктар мешаванд, ба чунин қароре омад, ки “агар барояш сари ин миз ҷое пайдо намешавад, пас, хӯрокро бояд заҳролуд кард”.

ЗАМОНИ ҲАМЛА

Усома Ҳамдан
Усома Ҳамдан

Усома Ҳамдан, раҳбари “Ҳамос” дар Лубнон ба оҷонси “Рейтерс” гуфт, пас аз амалиёти рӯзи шанбе давлатҳои арабӣ бояд инро эътироф кунанд, ки қабули талабҳои амниятии Исроил боиси эҷоди сулҳ намешавад.

Вай гуфт: “Онҳое, ки дар фикри субот ва сулҳ дар минтақа ҳастанд, бояд аз хатми ишғоли Исроил шуруъ кунанд” ва афзуд, “бархе (давлатҳои арабӣ) мутаассифона, чунин тасаввур мекунанд, ки Исроил метавонад дарвозаи Амрико барои дифоъ аз амнияти онҳо бошад.”

Нетаняҳу баъд аз шурӯи амалиёти рӯзи шанбе таҳдид кард, ки “барои ин рӯзи сиёҳ қасоси бузурге” мегирад. Ин ҳодисаҳо 50 сол баъд аз шурӯи ҷанги Ём Кипур дар соли 1973 рух медиҳанд, вақте нерӯҳои Миср ва Сурия ба Исроил ҳамла карданд ва Исроил ҳам барои дифоъ аз худ баланд шуд.

Алӣ Барака, як мақоми “Ҳамос” бо ишора ба ҷанги соли 1973 дар робита ба ҳуҷуми рӯзи шанбе гуфт: “Зарур буд, ки раҳбарияти муқовимат қарорашро дар замони муносиб, вақте душман бо таҷлили ид банд аст, қабул кунад.”

Ӯ гуфт, ки ҳамла аз ҳаво, замин ва баҳр “барои душман ногаҳонӣ буд ва исбот кард, ки хадамоти амнияти Исроил дар бораи ин амалиёт бехабар монд”. Ин изҳорот баъд аз он садо дод, ки Исроил ин навбат ғофилгир шуд. Дар ҳоле ки ҳамеша худро барои тавони ворид шудан ба сафи ҷангҷӯён ва назорат аз кори онҳо ситоиш мекард.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Идомаи ҷангу хунрезӣ дар Ховари Миёна
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Чанд сол баъд аз ҷанги 1973 Миср бо Исроил ва чанд давлати дигари Араб созиши сулҳ имзо карданд ва муносибатҳо, аз ҷумла бо кишварҳои Халиҷи Форси ҳамсояи Арабистони Саудӣ одӣ гардид. Дар ин байн фосилаи фаластиниҳо то ба ормони калидиашон дар заминаи бунёди давлати мустақил кам нашуд.

Ричард ЛеБарон, дипломати собиқи амрикоӣ дар Ховари Миёна, ки дар Шӯрои Атлантика ба ҳайси таҳлилгар кор мекунад, гуфт, “ҳарчанд зарбаҳои “Ҳамос” баҳонаи асосии ҳамлаҳо буда наметавонанд, ин кори онҳо ба саудиҳо паёми рӯшане медиҳад, ки масъалаи фаластиниҳоро набояд таҳо чун як мавзӯи ҳошиягии одишавии муносибатҳо баррасӣ кард”.

ДАСТИ ЭРОН?

Як мақоми баландпоя дар маъмурияти президент Ҷо Байден ба журналистон гуфт, тахмин кардани таъсири низои Исроилу “Ҳамос” ба талошҳои беҳбуди муносибатҳои Саудиву Исроил зуд аст. Ӯ, ки хост номаш фош нашавад, гуфт, “ҳаминро мегӯям, ки “Ҳамос” ва гурӯҳҳои террористии мисли “Ҳамос” монеи ин шуда наметавонанд, вале ин ҷараён роҳҳое дар пеш дорад”.

Нетаняҳу дар гузашта гуфтааст, ба фаластиниҳо набояд ҳаққи ветои ҳама гуна созишҳои нави сулҳи Исроил бо давлати арабӣ дода шавад. Як манбае дар минтақа, ки ба музокираҳои саудиҳо, исроилиҳо ва амрикоиҳо наздик аст, мегӯяд, исроилиҳо хато мекунанд, ки ба гузашт ба фаластиниҳо омода нестанд.

Арабистони Саудӣ дар вокуниш ба ҳамлаи рӯзи шанбе ҳарду тарафро ба “хатми билофосилаи хушунатҳо” даъват кард. Дар ҳамин ҳол Эрон пуштибонии “Ҳамос”, сармоягузориву мусаллаҳ кардани ин гурӯҳ ва созмони “Ҷиҳоди исломӣ”-ро пинҳон намедорад. Теҳрон ҳамлаи рӯзи шанберо амали худдифоӣ номид.

Яҳё Раҳим Сафавӣ, мушовири раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ, гуфт, “то замоне ки Фаластин ва Байтулмуқаддас озод нашаванд, Теҳрон дар канори размандагони фаластинӣ меистад”.

Як мақоми фаластинии наздик ба гурӯҳҳои ҷиҳодии исломӣ баъди он ки “Ҳамос” мушакборони муттасилро аз Ғазза шуруъ кард, гуфт: “Эрон дар ҳар як мушаке, ки ба сӯи Исроил партоб шуд, даст дорад ва як даст ҳам не”. Ин мақом, ки ба шарти фош нашудани номаш суҳбат мекард, гуфт: “Ин ба он маъно нест, ки Эрон ба ҳамлаи рӯзи шанбе амр додааст, вале пӯшида нест, ки ба шарофати Эрон “Ҳамос” ва “Ҷиҳоди исломӣ” тавонистанд силоҳҳои худро нав кунанд”.

Навори гуфтугӯ дар бораи ҷанг:

Оқибат чӣ мешавад? Таҳлили ҷанги "Ҳамос"-у Исроил
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Пуштибонии Эрон аз гурӯҳҳои фаластинӣ танҳо бахше аз ёриҳои ин кишвар ба шабакаи ҷангҷӯён дар минтақаи Ховари Миёна аст ва ин чиз ҳузури Теҳронро дар Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва ҳамчунин Ғазза пурқудрат мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳафтаи гузашта, вақте гурӯҳи ҳусиҳои Яман (мавриди ҳимояти Эрон) дар сарҳади Саудиву Яман чор сарбози баҳрайниро куштанд, Теҳрон бо паёме ишора кард, ки созиш бо Саудӣ метавонад ба ҷараёни беҳбуди равобиташ бо Риёз осеб расонад. Ҳодиса дар сарҳад дар навбати худ музокираҳои сулҳро бо Яман ҳам, ки ҳашт соли охир дар ҳолати ҷанг аст, бо хатар рӯбарӯ кард.

Деннс Росс, собиқ раҳбари музокиротӣ дар Ховари Миёна, ки ҳоло дар Пажӯҳишгоҳи сиёсати Ховари Наздики Вашингтон кор мекунад, гуфт: “Ин ҳама танҳо барои пешгирӣ аз пешрафт дар музокираҳои Амрико, Саудӣ ва Исроил мебошад”.

Баргирифта аз хабаргузории "Ройтерз"

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG