Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Метрои Ғазза". Нерӯҳои Исроилро дар ҳамлаи заминӣ чӣ интизор аст?


Яке аз чолишҳои бузургтарине, ки артиши Исроил метавонад дар Навори Ғазза бо он рӯбарӯ шавад, нақбҳои гуруҳи фаластинии “Ҳамос” аст. Ҷое, ки ҷангҷӯён силоҳҳои қочоқӣ дарёфт мекунанд; пинҳон мешаванд ва гаравгонҳоро нигоҳ медоранд. Нерӯҳои Исроил ин гузаргоҳҳои зеризаминиро "Метрои Ғазза" меноманд.

“Навоварӣ”

“Бо назардошти тавозуни қудрат, ки ба ҷониби Исроил гузашт, бояд дар ҷустуҷӯи роҳҳои навоварона ва эҷодкорона мешудем. Нақбҳо яке аз навовариҳои мо буданд”, - гуфтааст яке аз раҳбарони “Ҳамос” Холид Машъал соли 2014 ба нашрияи “Vanity Fair”.

Низоми чандкилометрии нақбҳои зеризаминӣ, ки тамоми Навори Ғаззаро фаро мегиранд, навоварии “Ҳамос” дар мубориза бо давлати Исроил аст. Дар Исроил ҳатто шӯхие низ ҳаст, ки мегӯянд, “Телавив ҳеч гоҳ метрои худро намесозад, аммо ҷангҷӯёни “Ҳамос” онро аллакай дар Навори Ғазза сохтаанд.” Дар асл он метро нест, балки нақби дарози зеризаминӣ аст, ки аз плитаҳои бетонӣ сохта ва ба ҳамдигар сахт пайваст карда шудаанд.

Тибқи иттилои артиши Исроил, нақбҳо дар Ғазза аз зери мактабу марказҳои варзишӣ, масҷидҳо ва беморхонаҳо мегузаранд. Аслан, онҳо дар ҳама ҷой ҳастанд. Дар бораи низоми ин нақбҳо маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Мо танҳо гуфтаҳои намояндагони “Ҳамос”-ро мисол оварда метавонем, ки таъйиди он ғайриимкон аст. Яке аз раҳбарони гуруҳ ва сардори Бюрои сиёсии он дар навори Ғазза Яҳё Синвор соли 2021 ба таври ошкоро изҳор дошт, ки дарозии нақбҳо дар Навори Ғазза ба 500 километр мерасад.

“Камингоҳ”

Раҳбарони “Ҳамос” ҳанӯз аз охири солҳои 1980-ум аз артиши Исроил дар нақбҳо пинҳон мешуданд. Дар миёнаҳои солҳои 90-ум аз Ғазза ба Миср нақбҳо кофта шуда, барои қочоқ истифода мегаштанд. Онҳо яроқу аслиҳа, сӯзишворӣ, чорво ва тамоку, хулоса, ҳар он чи ки аз нақб мегузашт, интиқол медоданд.

“Ҳамос” соли 2006 як нақби зеризаминиро барои ворид шудан ба Исроил ва ба дом афтондани сарбозони артиши ин кишвар истифода бурд. Дар пайи ин амалиёт ба ҷангҷӯён муяссар шуд, ки танҳо як нафарро зинда рабоянд. Ин сарбози рабудашуда Гилад Шалит буд. Ӯ панҷуним сол дар дасти “Ҳамос” дар Ғазза гаравгон монд.

Нақбҳо на ҳамеша ба долонҳои бетонии зеризаминӣ монанданд. Онҳо хуб муҷаҳҳаз шудаанд. Аз ҷумла бо нерӯи барқ ва барои чандин моҳ дар онҳо ғизо захира карда шудааст. Исроил тахмин мекунад, ки барои сохтани чунин иншоот даҳҳо миллион доллар ва садҳо ҳазор тонна бетон лозим аст.

Исроил дар тӯли солҳо маҳз ба далели бунёди нақбҳо интиқоли масолеҳи сохтмониро ба Ғазза маҳдуд ва иҷозат надод. Телавив борҳо изҳор дошт, ки “Ҳамос” дар Ғазза назар ба бунёди шаҳр барои зиндагии осоишта ба сохтмонҳо дар зери замин сармоягузорӣ мекунад.

Юрий Матсарский, рӯзноманигори украинӣ ва сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки борҳо ба Навори Ғазза рафта буд, дар бораи шаҳри зеризаминии “Ҳамос” бо телевизиони “Настояшее Время” суҳбат кард.

- Ин нақбҳо ба чӣ монанданд? Оё ҳама онҳоро дар замин дида метавонанд?

- Не, бисёр бодиққат пӯшонида шудаанд ва танҳо барои “Ҳамос”, аъзо, ҷангҷӯёни созмон ва афроди баландпояи он пешбинӣ шудаанд. Дар Ғазза хонаҳо таҳхонаҳои калон ё таваққуфгоҳи зеризаминӣ надоранд. Зеро “Ҳамос” метарсад, ки ҳангоми сохтмон одамон метавонанд бо нақб ва бункерҳои зеризаминии он рӯбарӯ шаванд. Ман ин ҳамаро замони дар онҷо будан шунидам. Таҳқиқ накардаам ва наметавонам норасоии обро тасдиқ ё рад кунам. Вале дар Ғазза мушкили норасоии об зиёд аст. Инро ба он рабт медиҳанд, ки “Ҳамос” кандани ҷӯйбор ва чоҳҳоро манъ кардааст, то мардум тасодуфан бо нақбҳои зеризаминӣ рӯбарӯ нашаванд. Медонам, ки аз баъзе хонаҳо, бахсус хонаҳои баъзе аз фармондеҳони саҳроии бузурги “Ҳамос” ба ин нақбҳо баромадгоҳҳо ҳастанд.

Мавзеъҳои ҷангӣ барои экипажҳои миномётӣ ё баъзе аз мушакҳои хурд, ки дар умқи на он қадар чуқури замин ҷойгир ҳастанд, аз боло бо қум ё ягон навъ бутта пинҳон карда шудаанд. Ин мавзеъҳои ҷангӣ низ ба нақбҳо даромадгоҳ доранд, то ки ҷангҷӯёни “Ҳамос” баъди тирандозӣ ба сӯи Исроил тариқи биёбон ё маконҳои боз нагурезанд ва ҷони худро дар хатар намонанд. Онҳо аз мавзеи ҷангии худ мустақиман ба нақб фаромада, оромона ақиб менишинанд.

- Дар матлаби худ дар “Insider” навиштаед, ки онҳо дар ин нақбҳо силоҳ ҳам истеҳсол мекунанд...

– Дақиқан дуруст аст. Яке аз таассуроти ман аз Навори Ғазза ин аст. Вақте худро дар онҷо дидам, зиёда аз даҳ сол пеш буд. Ба ҷуз аз бомбгузориҳо, ки он замон рух медоданд, ман маҷбур будам, бо либоси тирногузар хоб биравам ва як либоси дигари тирногузарро ба болоям пӯшонам. Дару тирезаҳо кушода буданд, зеро мавҷи таркиш бояд ба ҷое биравад. Садои доимии ҳавопаймоҳои бесарнишин ё дронҳо шунида мешуд. Исроил ҳатто дар он замон, беш аз даҳ сол пеш, барои корҳои иктишофӣ ва роҳнамоии зарбаҳои мушакӣ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба таври густарда истифода мебурд.

Замоне дронҳо пайваста болои шумо давр мезананд, вақте дар он ҷо баъзе одамон ҳастанд, наметавонед ду ё се миллион нафарро пайгирӣ кунед. Гумоштаҳои муайяне ҳастанд, ки барои Исроил кор мекунанд. Вақте шумо дар муҳосира ҳастед, ба мисли Навори Ғазза, маълум аст, ки зарурати ихтирои ҳиллаҳо пеш меояд. “Ҳамос” барои пинҳон кардани фаъолияти худ оҳиста-оҳиста, вале бо боварӣ ҳама корҳоеро, ки имкон дошт, ба зери замин бурд. Ин нақбҳо канда шуданд.

Нақбҳое ҳастанд, ки дар онҳо бо мототсиклҳо, аз ҷумла мототсиклҳои боркаш ҳаракат мекунанд ва як қисм ё мушаки комилро аз ҷое ба ҷои дигар интиқол медиҳанд. Дар ин низоми иктишофии нақбҳо, ба ҷуз аз нақб бункерҳои зеризаминӣ ҳам ҳастанд. Баъзеи онҳо барои нигоҳ доштани силоҳ ва баъзеҳо барои истеҳсол омода карда шудаанд. Бояд гуфт, ҳамаи он мушакҳое, ки Эрон ба “Ҳамос” фиристод - то ҷое медонам, ин кор то ба наздикиҳо идома дошт - сангинанд ва роҳ хеле душвор аст. Эрон бо Навори Ғазза марз надорад ва маҷбур буд, онҳоро тавассути саросари ҷаҳон кашонад. Мушаки миёнаи эронӣ тақрибан як тонна вазн ва аз панҷ то шаш, шояд ҳафт метр дарозӣ. Тасаввур кунед, ки кашондани ҳамаи ин чӣ қадар душвор аст, хусусан вақте шуморо назорат мекунанд.

Аз ин рӯ, то ҷое медонам, эрониҳо хеле пештар ба “Ҳамос” сохтани ҳамин мушакҳоро омӯзондаанд, то худашон онҳоро ҷамъоварӣ кунанд, ки назар ба интиқоли мушакҳо осонтар аст. Ва вақте ин тасмим гирифта шуд, дар шаҳри зеризаминии Ғазза, ба истилоҳ, баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ низ ташкил шуданд.

- Шумо дар навиштаатон зикр кардаед, ки ба ин корҳо кӯдакон низ ҷалб шудаанд.

- Бале, бачаҳо иштирок доштанд. То соли 2012 дар Навори Ғазза анборҳои калон барои мушакҳо ва корхонаҳои васлкуниву ҷамъоварии онҳо дар зери замин таъсис дода шуданд. Тибқи гузоришҳои Исроил, дастикам 160 кӯдак ҳангоми сохтмони ин нақбҳо ё интиқоли баъзе аз маҳсулоти қочоқӣ дар нақбҳо ба ҳалокат расидаанд. Пеш аз ҳама, албатта, инҳо писарони синни мактабӣ аз 10 то 15-сола буданд, ки аз ҷониби “Ҳамос” хеле фаъолона истифода мешуданд ва шояд ҳоло ҳам барои сохтмони нақбҳо ва ҳам барои зуд гузаштан аз онҳо истифода шаванд.

- Ин нақбҳоро аз нигоҳи низомӣ баҳо медодед, ки то куҷо барои артиши Исроил мушкилофаранд?

- Артиши Исроил пайваста ё қариб пайваста бо кашф ва нобуд кардани ин нақбҳо машғул аст. На танҳо нерӯҳои исроилӣ, балки мисриҳо низ. Бояд фаҳмед, ки худи ҷанг дар шаҳрҳо эҳтимол аз ҳама мушкилтарин, хастакунанда ва хатарноктарин намуди ҷанг бошад. Ва вақте ба ҷуз иншооти маданӣ, хонаҳо ва қалъаҳои бетонии рӯи замин дар зери замин ҳам теъдоди номаълуми нақбҳои дароз ҳастанд ва “Ҳамос” аз аввал онҳоро ба нақша гирифтааст, то дар сурати амалиёти заминии нерӯҳои исроилӣ ба онҳо ворид шуда, аз пушт ҳамла кунад, шумо медонед кор чӣ қадар мушкил хоҳад шуд. Яъне, ин ҳама махсус ба нақша гирифта шудааст, то зидди низомиёни Исроил камин гирифта шавад ва ногаҳон ҳамлаҳо анҷом шаванд. Маълум аст, ки ин воқеан ҳам як чизи бисёр ҷиддӣ ва хатарзо аст. Хуб, хоҳем дид, ки Исроил аз уҳдаи он чи гуна мебарояд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG