Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои сокинони Ғазза беш аз $1 млрд ёрӣ хост


Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба 2,7 миллион фаластинӣ дар Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ 1,2 миллиард доллар хост.

OCHA, Дафтари ҳамоҳангсози умури башардӯстонаи Созмони Милал, мегӯяд, тамоми сокинони Ғазза ва 500 ҳазор нафари дигар дар Каронаи Ғарбӣ ба ёрии фаврӣ муҳтоҷанд.

Ин ниҳод гуфтааст, 12-уми октябр ва дар рӯзҳои аввали ҳамлаи Исроил ва муҳосираи Ғазза ҳудуди 300 миллион доллар кумак хоста буд, вале ҳоло вазъ дигар шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво идома дорад.

Мақомҳои тандурустии Навори Ғазза, таҳти контроли "Ҳамос", мегӯянд, то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 9000 фаластинӣ кушта шудаанд.

Ҷониби Исроил мегӯяд, дар ҳамлаи нерӯҳои "Ҳамос" ба ҷануби ин кишвар 1400 кас кушта шуда ва 240 нафар асир афтодаанд.

XS
SM
MD
LG