Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 15 кас дар ҳамла ба “Ёрии таъҷилӣ” дар Ғазза


Масъулони бахши тандурустии Ғазза гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" 15 нафар кушта ва 60 кас маҷруҳ шуд.

Ҳодиса рӯзи 3-юми ноябр дар минтақаи зери назорати гуруҳи фаластинии "Ҳамос" рӯй дод.

Мақомоти беҳдоштии Ғазза гуфтанд, мошини "Ёрии таъҷилӣ" бахше аз корвоне буд, ки фаластиниҳои захмиро ба бемористони "Шифо" мебурд.

Артиши Исроил мегӯяд, аъзои гурӯҳи тундрави "Ҳамос"-ро ҳадаф қарор дод.

Ҷанги Исроил ва "Ҳамос" аз 7-уми октябр боз идома дорад.

Телавив мегӯяд, бар асари ҳуҷуми "Ҳамос" ба ҷануби Исроил 1400 кас кушта шуда, 240 нафар гаравгон афтоданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил дар чор ҳафтаи гузашта беш аз 9000 кас кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG