Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гуфт, шаҳри Ғаззаро пурра муҳосира кардааст


Намояндаи артиши Исроил Даниел Ҳагарӣ хабар дод, ки низомиёни ин кишвар шаҳри Ғаззаро пурра муҳосира кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар бораи созиш бо гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки навори Ғаззаро таҳти назорат дорад ва эъломи оташбас ҳеч гуна гуфтугӯе сурат намегирад.

Чаҳор мактаби Созмони Милал, ки ба паноҳгоҳ дар навори Ғазза табдил дода шуда буд, дар тирпарониҳои 24 соати ахир осеб диданд. Оҷонси СММ дар умури паноҳандагони фаластинӣ гуфт, дар як мактаб дар урдугоҳи Ҷабалия 20 нафар кушта шудааст.

Дар шаҳри Ғазза 640 ҳазор кас зиндагӣ мекунад, ки тақрибан 35 дарсади аҳолии Навори Ғаззаро ташкил медиҳанд. Ҷониби Исроил иддао дорад, ки ин шаҳр ба маркази фаъолияти "Ҳамос" табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG