Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NHC рабуда шудани соҳибкори туркро дар Тоҷикистон танқид кард


Корай Вурал
Корай Вурал

Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee) “рабудани” соҳибкор Корай Вуралро, ки аз соли 1994 дар Тоҷикистон мезист, “намунаи дигари қасосгирии ҳукумати Туркия” аз пайравони Фатҳулло Гулен номид. Гулен ва ҷонибдоронаш ба ташкили ошӯби соли 2016 дар Туркия гумонзад ҳастанд.

Бино ба гузоришҳо, соҳибкори турк Корай Вурал рӯзи 16-уми сентябр дар Душанбе рабуда ва рӯзи дигар ба Истанбул бурда шудааст. Мақмооти Тоҷикистон ва Туркия расман хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Кумитаи Норвежии Ҳелсинки рӯзи 21-уми сентябр аз мақомоти Туркия талаб кард, ки ё ваҷҳи қонунии боздошти Корай Вуралро эълон кунанд ё ӯро фавран раҳо намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Маркази озодии Стокҳолм бо такя ба санади Додситонии Туркия навишт, ки ӯ ба узвият дар гуруҳи террористӣ гумонзад аст.

Бар асоси санад, бахши таҳқиқи ҷиноятҳои террористии Додситонии Туркия ҳанӯз соли 2017 алайҳи Корай Вурал парванда кушодааст. Дар ҳуҷҷат дар бораи ду нафари дигар маълумот додаанд, вале номашон маълум нест.

Ба гузоришҳои расида, Корай Вурал мудири пешини яке аз мактабҳои наздик ба рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен дар Душанбе буд, аммо баъд аз соли 2016 тиҷорат мекард. Кумитаи Норвежии Ҳелсинки мегӯяд, ӯ барои кӯчидан ба кишвари севум ба Созмони Милал дархост дода, ҳанӯз посух нагирифта буд.

Бори аввал нест, ки шахсони наздик ба ҷунбиши рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен дар Тоҷикистон рабуда ва дар шароити мармуз ба Туркия фиристода мешаванд. Эмсал Коч, мудири пешини маркази "Диалог" дар Душанбе, моҳи июли имсол аз Тоҷикистон ба Туркия бурда шудааст.

Чанде қабл созмони Freedom House дар гузорише гуфт, мақомоти Туркия аз соли 2014 то кунун 58 нафарро маҷбурӣ аз гӯшаҳои дунё ба Туркия баргардондаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG