Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom Now озодии як вакили зиндонии тоҷикро хост


Саиднуриддин Шамсиддинов
Саиднуриддин Шамсиддинов

Як созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки вакили мудофеи зиндонӣ Саиднуриддин Шамсиддиновро фавран ва бе қайду шарт озод кунанд.

Freedom Now, қароргоҳаш дар Вашингтон, рӯзи 13-уми сентябр дар эъломияе дар Твиттер гуфт, ӯ барои фаъолиятҳои зидди фасод дастгиру зиндонӣ шуд. "Дар ин рӯз Шамсиддинов ба синни 38 расид," – хабар додаанд намояндагони созмон.

Саиднуриддин Шамсиддинов дар оғози соли 2021 ба гуноҳи хариду фурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дар охири ҳамон сол ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" муттаҳам дониста, ба ҳукмаш ҳашт моҳи дигар изофа карданд. Худашу пайвандонаш ҳамагуна иттиҳомро рад мекунанд.

Шамсиддинов то замони боздошт маъмури иҷрои амрҳои додгоҳ дар Хатлон буд. Дар соли 2017 тарки вазифа кард ва бештар ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт ва бо имзои Саиди Садр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе аз додситону додрасҳо ва "говсуд шудан"-и мардум шикоят мекард.

Пештар гуфта буд, ки баъди як муроҷиаташ ба сомонаи президенти Тоҷикистон, масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро "чап гирифтанд" ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам карданд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, “чунин коре накардааст”.

Додситону додраси парванда борҳо ба ҳақ будани худу тафтишот таъкид карда, гуноҳҳои Шамсиддиновро собитшуда хондаанд.

XS
SM
MD
LG