Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қонуни манъи "тағйири ҷинс"-ро имзо кард


Владимир Путин, президенти Русия қонун дар бораи манъи "тағйири ҷинс" дар Русияро имзо кард. Бино ба қонун, дахолати пизишкӣ барои тағйир додани ҷинс дар Русия манъ шуд. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ мумкин аст, ки аз роҳи пизишкӣ чунин дахолат сурат гирад.

Ба ҷуз ин, дар санадҳое, ки дар Русия дода мешавад, тағйир додани ҷинсро манъ карданд, ҳатто агар шаҳрванд дар хориҷ ҷинси худро иваз карда бошад. Ба илова, ба афроде, ки ҷинси худро иваз кардаанд, ба фарзандӣ қабул кардани кӯдакон манъ шудааст. Ҳамчунин, агар яке аз ҷуфтҳо ҷинси худро иваз кунад, давлат санади ақди никоҳро бекор месозад.

Шуруъ аз моҳи декабри соли 2022 дар Русия нашри иттилои мусбат дар бораи ҳамҷинсгароён ва онҳое, ки ҷинси худро иваз кардаанд, манъ шудааст. Барои риоя накардани ин меъёр ҷарима дар ҳаҷми 400 ҳазор рубл барои шаҳрвандони қаторӣ ва то 5 млн рубл барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG