Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишмандон гуфтанд, рушди зеҳни сунъӣ инсониятро аз байн мебарад


Чанд ширкат, ба шумули Маркази амнияти ҳуши маснуӣ дар Амрико (Center for AI Safety), "OpenAI" ва "Google DeepMind" ҳушдор додаанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад боиси аз байн рафтани инсоният шавад.

"Коҳиши хатари нобудшавии инсоният ба далели зеҳни сунъӣ бояд ба як авлавияти ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ин масъала дар қатори хатарҳои дигар, аз қабили пандемия ва ҷанги ҳастаӣ, қарор дода шавад", - гуфта шудааст дар изҳороти ширкатҳо.

Зери изҳорот тақрибан 350 донишманд, муҳандис ва раҳбари ширкатҳое, ки дар робита ба ҳуши сунъӣ таҳқиқот анҷом медиҳанд, имзо гузоштаанд.

Дар миёни онҳо раҳбари "OpenAI", муассиси барномаи "ChatGPT", Сэм Олтман ва Ҷеффрӣ Ҳинтон, донишманде, ки "падари зеҳни сунъӣ" маҳсуб мешавад, ҳастанд.

Ин изҳороти нахустини ҷомеаи илмӣ дар робита ба зеҳни сунъӣ нест.

Пештар ҳудуди ҳазор донишманд ва технолог, аз ҷумла Илон Маск пешниҳод карда буданд, ки рушди зеҳни сунъӣ ба муҳлати шаш моҳ, то ихтирои барномаҳои мукаммали амниятӣ, боз дошта шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG