Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери рус аз мардуми тоҷик узр пурсид. ВИДЕО


Кирил Шучер ба як духтари тоҷик бар ивази ҳамхобагӣӣ Айфон ешниҳод карда буд.
Кирил Шучер ба як духтари тоҷик бар ивази ҳамхобагӣӣ Айфон ешниҳод карда буд.

Кирил Шучер, блогери рус, ки барои нашри навори пешниҳоди ҳамхобагӣ ба як духтари тоҷик хашми муҳоҷирони тоҷикистониро барангехт, узр пурсидааст.

Рӯзи 12-уми феврал мақомоти рус хабар доданд, ки ду муҳоҷири тоҷикро барои ҳамла ба блогер боздошт кардаанд. Блогер бо нашри видеое бо чеҳраи хунолуд даъво карда буд, ки тоҷикон ӯро барои навори пешниҳоди ҳамхобагӣ ба духтари тоҷик бар ивази телефони Айфон заданд. Дипломатҳои тоҷик ин ҳодисаро иғво номида буданд.

Кирил Шучер рӯзи 28-уми март бо нашри наворе бо номи “Ман ҳақ набудам. Узрхоҳӣ аз мардуми тоҷик” дар саҳифааш дар Ютюб гуфтааст, ки пас аз рухсат шудан аз беморхона тағйир кард ва ба ин натиҷа расид, ки роҳу арзишҳояшро дигар кунад. Шучер гуфт, он видеоӣ ҷанҷолиро аз саҳифаҳояш пок кард ва дар моҳи Рамазон “самимона аз мардуми тоҷик узр мепурсад."

“Мехоҳам аз мардуми тоҷик барои он навор ва ҷанҷоле, ки пас аз нашри видео сар зад, узр пурсам,”—гуфтааст, Шучер.

Кирил Шучер аввали моҳи феврал навори суҳбат дар як хиёбон бо духтареро нашр кард, ки мегуфт, “аз Душанбе аст”. Ӯ ба духтар пешниҳод мекунад, ки бар ивази Айфон бо ӯ ҳамхоба шавад. Баъдан, ин блогер гуфт, ки духтари тоҷик ин пешниҳодашро рад кардааст. Муҳоҷирони тоҷик аз ин кори ӯ хашмгин шуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро барои “таҳқири тоҷикон” таҳдид карданд.

Рӯзи 12-уми феврал Кирилл Шучер, блогери рус дар наворе бо чеҳраи хунолуд иддао кард, ки ӯро муҳоҷирони тоҷик дар автобус латтукӯб кардаанд.

Видео дар бораи тафсилоти ҳодисаро инҷо бинед:

Консули Тоҷикистон "иғвои блогери рус"-ро пайгирӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Кумитаи тафтишоти Русия ба навори латукӯби ӯ вокуниш кард ва хабар дод, ки ду муҳоҷирро боздошт кардаанд.

Ҳомидҷон Назарӣ, консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми феврал гуфта буд, ки дипломатҳои тоҷик ин қазияро “як провокатсия” ё иғво арзёбӣ мекунанд.

Аз сарнавишти ду муҳоҷири боздоштшуда иттилое дастрас нест ва маълум нест, ки узрпурсии блогери рус то куҷо дар раҳоии онҳо кумак хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG