21-уми март даври дигари мулоқоти раҳбари Чин, Си Ҷинпин, бо президенти Русия Владимир Путин баргузор хоҳад шуд.
Ин сафари Ҷинпин ба Маскав баъд аз интихоби севуми ӯ ба мансаби раиси ҷумҳури Чин сурат мегирад. Он ба Путин имкон медиҳад, ки худро дар инзивои комил эҳсос накунад.
Бо оғози таҷовузи бедалели Русия ба хоки Украина, Маскав зери таҳримҳои васеъмиқёси байнулмилалӣ мондааст.
Дар мулоқоти ду раҳбар рӯзи 20-уми март Путин иброз дошт, ки ҳозир аст ташаббуси Чинро барои ҳалли низоъ дар Украина баррасӣ кунад.
Дар Вашингтон сухангӯйи Қасри Сафед аз Ҷинпин даъват кард, то Русияро ба эҳтироми соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии Украина ташвиқ кунад.
Ҷон Кирби, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Амрико, мегӯяд, раҳбари Чин бояд таъсири таҷовузи Русияро ба хоки Украина бо президенти Украина Владимир Зеленский арзёбӣ кунад.
Иёлоти Муттаҳида аз он нигарон аст, ки Чин имкон дорад ба Русия аслиҳаи кушанда содир намояд.
Гуфтугӯ