Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Гурҷистон пас аз эътирози мардум аз раъйи худ гаштанд


Баъд аз ду рӯз тазоҳуроти хушунатомез дар Тбилиси (Тифлис) намояндагони ду ҳизб дар порлумони Гурҷистон тарҳи қонуни баҳсбарангезро дар бораи “маъмури хориҷӣ” (агенти хориҷӣ) бозпас гирифтанд.

Муаллифони тарҳи қонун аз ҳизби ҳокими “Рӯъёи гурҷӣ” ва ҷиноҳи “Нерӯи мардум” гуфтанд, ки тарҳро дар порлумон ба баррасӣ намегузоранд.

Рӯзҳои 7-ум ва 8-уми март ҳазорон нафар дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон, бар зидди ин қонун эътироз карданд.

Беш аз 60 эътирозгар боздошт шуд ва мақомот гуфтанд, зиёда аз 50 корманди пулис дар беназмиҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Вакилоне, ки тарҳи қонунро пас гирифтанд, дар баёнияе гуфтанд, қонуне, ки дар ҷомеа ихтилоф бармеангезад, лозим нест.

Тазоҳургарон тарҳи қонунро як навъ пиёда кардани сиёсати Русия дар Гурҷистон номидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG