Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен: Амрико ба Осиёи Миёна $25 миллион кумак мекунад


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, дар ҷараёни сафари расмӣ ба шаҳри Остона барои коҳиши вобастагӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак ваъда кард.

Блинкен дар нишасти "С5+1" - мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Остона хабар дод, ки Вашингтон барои давлатҳои минтақа 25 миллион доллар ҷудо мекунад.

Ӯ дар пасманзари таҷовузи низомии Русия ба Украина изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида аз "истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ"-и мардуми Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод, ки раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев сафари Блинкенро "як такони иловагӣ ба ҳамкориҳои ду кишвар номидааст".

Нишасти "С5+1" аз соли 2015 баргузор мегардад ва ин як маҳфили кориест, ки барои баррасӣ ва ҳамоҳангсозии барномаву нақшаҳои муштарак таъсис шудааст.

Сафари Блинкен ба пойтахтҳои Қазоқистон ва Узбекистон аввалин боздиди ӯ аз минтақа ба ҳайси дипломати аршад дар ҳукумати Байден мебошад. Ин сафар ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз солгарди ҳамлаи Русия ба Украина сурат мегирад, ки як навъ озмоиши нуфузи Маскав дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG