Як соли ҷанг. Аз сари Украина ва мардумаш чӣ гузашт?
Аз таҷовузи Русия ба хоки Украина як сол гузашт. Баъзе аз шаҳру минтақаҳои Украина аз тарафи Русия ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Маскав ишғол шуда, дертар дубора ба дасти Киев гузаштанд. Даргирӣ дар чанд гӯшаи дигар идома дорад. Дар аксҳо бинед, ки аз сари Украина ва мардуми он чӣ гузаштааст.
13
Марди афтода дар замин Виктор Губареви 79-сола аст, ки ҳангоми даргирӣ кушта шудааст. Духтару домоду наберааш дар назди ҷасади ӯ гиря мекунанд. 18-уми апрели 2022
14
Дар ҳамла ба ин бино дар Киев хабарнигори Радиои Озодӣ Вера Хирич кушта шуд. 28-уми апрели 2022
15
Ҷасади 11 сарбози Русия дар наздикии Харков. 9-уми майи 2022
16
Оксана Баладинаи 23-сола ва ҳамсараш Виктор дар бемористони Лвов. Бар асари таркиши норинҷак Оксана аз ду пой ва чаҳор ангушти даст маҳрум монд. 28-уми апрели 2022
Гуфтугӯ