Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1300 сол пеш. Бо омадани арабу Ислом чӣ додем ва чӣ гирифтем?


Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

"Суғд барои Осиё ба монанди Мақдуния (Македония) барои Юнон буд: сипаре миёни тамаддуни нозук ва барбариҳои хашин, аз скифҳои давраи Искандар гирифта то ҳуннуҳои сафед, туркҳо ва муғулҳое, ки барои маҳви табақаи на он қадар васеи ҷомеаи Эрон аз Ҷануб ба Ғарб ҳуҷум карда буданд.” (Робин Лэйн Фокс “Искандари Бузург”)

Шаҳри Панҷакент (Панҷекат), пойтахти Суғдро расо 1300 сол пеш арабҳои мусулмон тасарруф карданд. Деваштич, ҳокими охирин ва мустақили Суғд, тирамоҳи соли 722 қатл шуд. Ин сана барои мо аз он ҷиҳат бисёр муҳим аст, ки бо вожгунии Панҷакент як давраи таърихӣ оғоз шудааст. Бо назардошти он ки ҳоло аз 96 то 99 дарсади тоҷикистониён худро пайрави дини Ислом меҳисобанд, метавон онро давраи мусалмонӣ номид. Ҳамчунин бо суқути Панҷакент марҳалаи расмии шомилшавии Мовароуннаҳр ба Хилофат оғоз ёфт.

  • Оё мо бояд соли 722-умро ҳамчун соли хушбахтӣ ё баръакс, ҳамчун санаи ғамангез қабул кунем?
  • Бо зуҳури арабу Ислом мо чиро аз даст додем ва чӣ бурд кардем?
  • Суғдиён киҳо буданд ва бо фарҳанги хубу дини зардуштияшон куҷо шуданд?

Албатта, мо ба ин суолҳо наметавонем ҷавоби комил диҳем, аммо бо натиҷагирӣ аз соли 722 дар бораи онҳо андеша карданро касе ба мо манъ накардааст.

Мероси кӣ?

Чиниҳо худро канор гирифтанд ва танҳо тибетиҳову туркҳо тавассути гуруҳҳои на он қадар бузург ба суғдиҳо мадад карданд.

Наметавон гуфт, ки таърихи суғдиҳо дар Осиёи Миёна фаромӯш шудааст. Дақиқтараш, баръакс. Таваҷҷуҳ ба давраи тақрибан 2000-солаи Суғд бо касби истиқлол дар соли 1991 бештар шуд. Соли 2000 номи вилояти Ленинобод ба Суғд, соли 2003 ноҳияи Нов ба Спитамен ва соли 2016 номи ноҳияи Ғончӣ ба Деваштич иваз карда шуданд. Бо ин ном дар Узбекистон як овозхон ва як дастаи футбол ҳаст ва ахиран блогерони узбек пешниҳод карданд, ки номи кишварашон ба Суғдиён иваз шавад.

Суғд бо ғасби ин минтақа аз ҷониби лашкари форсии сулолаи Ҳахоманишиҳо (559-330 пеш аз милод) ба таърих ворид шуд. Дар катибаи император Дориюши Бузург 1 дар кӯҳи Бесутун суғдиён ҳамчун фармонравоён зикр шудаанд.

Назарияҳои ҳошиявӣ ё маргиналӣ, ки халқҳои эронии давраи қадимро ба туркҳо мепайванданд, ба танқиди олимони ҷиддӣ тоб нахоҳанд овард. Ҷомеаи суғдӣ то пайдоиши туркҳо дар Байнаннаҳрайн дар асри VI таърихи қариб 1500-солаи дорои рушду иртиботи наздик бо Юнони қадим ва Чинро дошт. Суғд тамаддуни бостонии эронии Осиёи Миёна аст. Бисёр паҳлӯҳои таърихи он то ба ҳол наомӯхта, пурасрор ва таваҷҷуҳбарангез мемонанд. Донишмандони тамоми ҷаҳон таърих, маданият ва иқтисоди онро бо шавқи беандоза меомӯзанд. Лаҳзаҳои асосии таърихи Суғдро ёдовар мешавем.

Суғд ва Мақдуния (Македония)-и Юнон

Суғдиён тақрибан дар давоми 500 сол дар таърихи Осиё ва Юнон як ҳалқаи муҳим буданд ва онҳо ҳамин тавр дар рушди тамаддуни муосири Ғарб нақши худро гузоштаанд. Суғдиён яке аз минтақаҳое буд, ки ба лашкари Искандари Мақдунӣ қаҳрамонона истодагарӣ кардааст (солҳои 336-323 то милод).

Искандар бо орзуи густариши қудрати Юнон бар сарзамини Эрон худро ҳокими Форс эълон кард. Сарбозон ва сипаҳсолорони худро маҷбур кард, ки бо занони эронӣ издивоҷ кунанд. Сиёсати ҳамгироии “барбариҳо” тавассути издивоҷ самараи худро дод. Ҳарчанд кам ҳам бошад, суғдиён бар юнониҳо фармонравоӣ кардаанд. Искандари IV, писари Искандари Мақдунӣ, тариқи издивоҷи падараш бо маликаи суғдӣ Роксана (Рушанак, Рухшона) Македонияро раҳбарӣ кардааст.

Издивоҷи Селевкӣ, яке аз генералҳои Искандари Мақдунӣ, бо Апамаи суғдӣ ҳам ба писари онҳо Антиох I имкон фароҳам кард, ки подшоҳи Селевкиён шуда, солҳои 281-261 пеш аз милод шарқитарин сулолаҳои юнонизабонро ба ҷойи Искандари Мақдунӣ раҳбарӣ кунад. Модари Антиохи I Василиса Апама духтари Спитамени қаҳрамон ва раҳбари шӯришгарон алайҳи Искандари Мақдунӣ дар соли 329 пеш аз милод буд. Чандин шаҳри қадимии Осиёи Ғарбӣ ба номи маликаи суғдӣ Апама гузошта шуда буданд.

Донишмандони ғарбӣ (Дэвид Энгелс, Кайл Эриксон) бар инанд, ки занони эронӣ ба фарзандони шоҳони худ забони модарияшонро меомӯзонданд, барояшон афсонаву ҳикоя мегуфтанд, ҳамчунин ба урфу одати давлатҳои эллинӣ, ки аз Помир то Ҷибролтор дарозӣ дошт, таъсир гузоштаанд. Ба назари донишмандон, сулолаи ду қарни Селевкиён (312-64 пеш аз милод) аз ибтидо ҳамон қадаре, ки мақдунӣ буданд, эронӣ ҳам буданд.

Империяи Мақдуния (Македония) баъд аз марги Искандар пош хӯрд ва Суғдиён муддати кӯтоҳе ба ҳайати салтанати Юнону Бохтар дохил шуд, то ба зудӣ давлати мустақиле шавад, ки пайваста мавриди ҳамлаҳои бодиянишинон қарор дошт.

Суғд то омадани арабҳо амалан мустақил буд. Маҳз давраи пеш аз зуҳури Ислом (асрҳои 3-8) «давраи тилоӣ»-и Панҷакент буд. ​

Суғд, Эрони Сосонӣ, Порт, Кушониён

Хоразмии бузург Абурайҳони Берунӣ (973-1048) форсҳо, суғдиён ва хоразмиҳоро як мардум донистааст. Суғдиён дар давлати бостонии эронии Порт (247 пеш аз милод - 224 милодӣ) то пошхӯрии он нақши муҳим бозидаанд.

Қисмати ҷанубии Осиёи Марказӣ (Бохтар) дар асрҳои 1-3 милодӣ якҷоя бо Ҳиндустони шимолӣ дар доираи давлати ягонаи Кушониён муттаҳид шуда, ба рушди тиҷорат оғоз бахшиданд, ки ба зудӣ суғдиён низ ба Ҳиндустон рафта, ба он пайвастанд. Онҳо то ба даст гирифтани тамоми тиҷоратҳо миёни Чин, Шарқи Наздик ва Аврупо дар асрҳои 3-4-и милодӣ шогирдони тоҷирҳои кушонӣ буданд. Забони онҳо ба забони муоширати халқҳои гуногун табдил ёфта буд. Ба монанди забони англисӣ, ки имрӯз дар тамоми масирҳои тиҷорӣ аз Чин то Аврупо истифода мешавад.

Сосониён дар миёнаҳои асри 3-и милодӣ империяи Кушониёнро сарнагун ва Бохтарро тасарруф карда, Суғдиёнро боҷдиҳандаи худ гардониданд. Сосониён дар асрҳои 5-6-и милодӣ аз бодиянишинони эронизабон – Ҳайтолиён, ки Суғдиёнро ҳам тасарруф карданд, шикаст хӯрданд. Аммо дере нагузашта бо кумаки Хоқонии Ғарбии турк ҳайтолиёнро дубора шикаст доданд. Барандагони ин ҷанг дар солҳои 563-568-и милодӣ дороии ҳайтолиёнро байни худ тақсим карданд. Сосониён Бохтарро ва туркҳо Суғдиёнро гирифтанд.

Ҳамин тавр туркҳо бо мусоидати форсизабонон ба соҳили чапи Сирдарё, ба маркази Суғдиён, роҳ ёфтанд. Аммо туркҳо, ки ба кӯчравӣ одат карда буданд, дар шаҳр зиндагӣ карданро дӯст намедоштанд ва аз ин рӯ, онҳо ба суғдиён натавонистанд чизи наве биёранд ё бидиҳанд. Онҳо, баръакс, тадриҷан фарҳанги суғдиёнро пазируфтанд ва аз зиндагии доимии бодиянишинӣ хаста шуда, сукунатро дар атрофи шаҳрҳои бою зебо интихоб карданд ва дар он ҷойҳо «қишлоқҳо»-и худро асос гузоштанд.

Хоқонҳои саҳронишини турк аз асри 6 то 8-и милодӣ бо суғдиҳо тиҷорат ва ҳамкорӣ мекарданд. Этенн де ля Вассйер (Étienne de la Vaissière) менависад, хоқонҳо ҳокимони суғдиро дастгирӣ ва тиҷораташонро муҳофизат карда, онҳоро ҳамчун амалдорони худ истифода мебурданд.

Матео Компаретӣ (Matteo Compareti) ва донишмандони дигар мегӯянд, Суғдиён дар давраи ҳокимияти туркҳо амалан мустақил буд. Дипломатҳои хоқонҳо суғдиёни одамдӯсту чобук буданд, ки чанд забон медонистанд. Мустамликаҳои суғдӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ ба таври густарда паҳн шуда буданд ва ҷомеаҳои бузурги тиҷории суғдӣ ҳатто дар пойтахти Чин – Чонгон (Chang'an) зиндагӣ мекарданд. Ҳузури онҳо дар Шри-Лонко ва дар масирҳои обии тиҷоратӣ, ки Ҳиндустонро бо Кантон (Чини Ҷанубӣ) мепайвастанд, мушоҳида мешуд.

Сулолаи чинии Тон дар миёнаҳои асри 7 туркҳои ғарбиро шикаст дода, Суғдиёнро ба муддати 25 сол зери асорати худ даровард. Ин танҳо як амали номиналӣ буд. Суғд то омадани арабҳо амалан мустақил буд. Маҳз давраи пеш аз зуҳури Ислом (асрҳои 3-8) «давраи тилоӣ»-и Панҷакент буд.

Соли 780-ум кӯчаву хонаҳои зери чӯбҳои сӯхта ва пораҳои сафолро тарк карда, ин анбуҳи партовҳои гаронбаҳоро барои бостоншиносони асри 20 гузоштанд.

Панҷакент

Шаҳр хуб таҳқиқ шудааст ва бо шарофати экспедитсияи археологии Панҷакент ба раҳбарии донишмандони рус (Беленитский А. М., Якубовский А. Ю., Маршак Б. И., Луре П.) таҳқиқи он идома меёбад. Панҷакент дар асри 3-и милодӣ таъсис ёфтааст ва қаблан Панҷ ном дошт. Олиҳа ва пуштибони он Нана буд. Дар ибтидои асри 8 дар Панҷ каме бештар аз 5 ҳазор одам мезист. Шаҳри дорои 13 ҳектар масоҳат ду ибодатгоҳ дошт ва дар он биноҳои зисти ду ва сеошёна сохта шуда, атрофашро девори баланд иҳота мекард. На боғ буд ва на дарахтони зиёд.

Тибқи меъёрҳои имрӯза, он танг ва нобод буд, аммо аввалин шаҳрҳо дар паҳнои АвруОсиё ҳамин гуна пайдо шудаанд. Мардуми ташаббускор, меҳнатдӯст ва кунҷков шаҳрҳо месохтанд, қонунҳо таҳия мекарданд, молиёт (андоз) месупориданд, худро аз кӯҳҳо, даштҳо, ҷангалҳои зич ва биёбонҳои гирду атроф, қабилаҳои пешгӯинашавандаи хашмгин ва «ташна»-и сайди осонгир, ки бар асоси қонунҳои худ (ё умуман бидуни онҳо) зиндагӣ мекарданд, ҷудо месохтанд.

Панҷакент бо пайдоиши шумори зиёди ҷомеаҳои муҳоҷири суғдӣ дар канори «Роҳи Абрешим» иртибот дошт. Аз Чоч (Тошканд) ва Испечал (Чимкент) то соҳили Уқёнуси Ором маҳалҳои сершумори аҳолинишини мустамликадорони суғдӣ ташкил шуда буд. Пули муҳоҷирон ба миқдори бисёр калон ба ватан, аз ҷумла ба Панҷакент, баргаштанд. Он як шаҳри доро ба ҳисоб мерафт, ки тоҷиронаш бо додугирифти байнулмилалӣ машғул буданд.

Мардум дар хонаҳое, ки аз хишти хом сохта шудаанд ва паси панҷараҳои баланд зиндагӣ мекарданд. Ба назари бостоншиносон, нисфи хонаҳои суғдиён меҳмонхонаҳое доштанд, ки бо расмҳои деворӣ дар мавзуъҳои динӣ, қиссаҳои дунявӣ аз афсонаҳои Ромул ва Рем (Рим), аз афсонаҳои Эзоп (Юнон) ва қиссаҳои Парачантра (Ҳиндустон) ороиш дода шуда буданд.

Нуқтаи баландтарини наққошии девории Панҷакент «Толори кабуд» аст, ки соли 1950 аз ҷониби бостоншиносон кашф шуда, бо наққошиҳо аз афсонаҳои Рустам ва аспи вафодори ӯ Рахш оро ёфтааст. Расм тахминан соли 749, яъне 250 сол пеш аз нашри «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ кашида шудааст. Дар ин толорҳо зиёфатҳо барпо ва то 50 нафар ҷамъ мешуданд, май менӯшиданд, суруд мехонданд ва мерақсиданд.

Худоёни онҳо ба тамошои умум гузошта ва дар маркази деворҳои асосӣ гузошта шуда буданд. Дари хонаҳо барои меҳмонон боз буд ва маконҳои умумии хусусие буданд, ки сокинон дар онҳо табодули афкор ва ҳатто қарорҳои муҳими сиёсиро қабул мекарданд. Ба назари шарқшинос Майкл Шенкар (Mickael Shenkar), шаҳрҳои суғдӣ бо ин вижагиҳо ба «полисҳо» - шаҳру давлати Юнон монандӣ доштанд. Мардуми Панҷакент барпо кардани ҷашнҳои зардуштиро дӯст медоштанд, ки то асри 10 дар Самарқанд ва Бухоро ошкоро таҷлил мешуданд. Таъсири онҳо бо гиромидошти оташ дар байни тоҷикон ва халқҳои дигари Осиёи Миёна то имрӯз мондааст.

Барои Суғд ва тамоми қаламрави Осиёи Миёна аз арабҳои мусалмон, ки он замон сулолаи Уммавиён ҳукмронӣ мекард, таҳдиди нав ба вуҷуд омад. Онҳо аз соли 715-и милодӣ талош мекарданд, ки Суғдро тасарруф кунанд.

Чиниҳо худро канор гирифтанд ва танҳо тибетиҳову туркҳо тавассути гуруҳҳои на он қадар бузург ба суғдиҳо мадад карданд. Суғдиҳо дар миёнаҳои солҳои 720 ва 722-и милодӣ ба раҳбарии Деваштич зидди арабҳо исён бардоштанд, аммо пас аз муҳосираи қалъаи Муғ шикаст хӯрданд ва Деваштич ба салиб мехкӯб карда шуд. Ин воқеаҳоро таърихшиноси тоҷик Луқмон Бойматов муфассал навиштааст.

Лашкари арабу мусалмони амири Хуросон Саид ал-Ҳарашӣ охирҳои тобистони соли 722 Панҷакентро ғасб ва онро қисман хароб кард. Бештари сокинон шаҳрро тарк карданд ва суғдиҳо танҳо дар соли 740 бо волии нави Хуросон Наср ибни Сайёр сулҳ карданд ва дар натиҷа панҷакентиҳо ба шаҳр баргашта, барқарорсозии онро оғоз намуданд. Дар ин бора ба мо Павел Луре нақл мекунад.

Хонаҳо сохта ва бо наққошиҳои пешазисломии барои суғдиён хеле азиз ороиш дода мешуданд, аммо на онгуна ошкоро. Ҳукуматдорони мусалмон ва сокинони маҳаллӣ тадриҷан муносибатҳоро ба роҳ монда, ҷомеаи наве сохтанд. Санадҳо ба забонҳои арабӣ ва суғдӣ навишта шуда, вале ҳатман бо «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим» оғоз мешуданд. Ислом дар солҳои 750-ум ба дини суғдиҳо табдил ёфтанро оғоз кард. Наққошиҳои деворӣ то соли 770-ум тақрибан пурра аз байн рафтанд ва боқимондаи онҳоро дидаву дониста вайрон мекарданд.

Чеҳраҳо тоза ва ба ҷояшон бо ҳарфҳои арабӣ чизе навишта мешуд. Панҷакентиҳо соли 780-ум кӯчаву хонаҳои зери чӯбҳои сӯхта ва пораҳои сафолро тарк карда, ин анбуҳи партовҳои гаронбаҳоро барои бостоншиносони асри 20 гузоштанд.

Сокинон ба канори шимолии Панҷакенти бостонӣ, наздиктар ба дарё кӯчиданд. Аммо аллакай ин Панҷакенти дигар – мусулмонӣ буд. Ҳаёти иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ ях мебаст. Мардуми Панҷакент аз доманакӯҳҳо ба водиҳо поин фаромада, дар онҷо ҳавлиҳои дорои боғу токзорҳо бунёд карданд.

Набояд гуфт, ки арабҳо бо суғдиҳо муносибати бераҳмона доштанд. Ба суғдиҳо то қабули пурраи Ислом иҷозат дода мешуд, ки аз дини худ дар хонаҳояшон пайравӣ кунанд. Забони форсии нав (тоҷикӣ) оҳиста – оҳиста ҷои забони суғдиро мегирифт. Ҳарчанд сокинони деҳаҳо то замони таназзули империяи Сомониён дар охири садаи 10-ум ба забони суғдӣ ҳарф мезаданд.

Ҷомеаи суғдиҳо дар шарқ таҷриҷан бо чиниҳо, туркҳо ва мардуми дигари осиёӣ омезиш меёфтанд. Ба гуфтаи суханшинос ва луғатшиноси асри 12, Маҳмуди Кошғарӣ, мардуми арғу дар Семиречйе (Ҳафтоб ва бо қазоқӣ - Жетисӯ)-и қазоқу қирғиз суғдҳои туркшудаи дузабона – Соғдак ҳастанд. Мардуми Балосоғун дар асри 12 бо ду забон гап мезаданд, дар ҳоле ки сокинони Суғд ба забони форсӣ гузашта буданд. Донишманди фаронсавӣ Этен де ла Васер менависад, ки то асри 12 хоразмиён ва семиречиён ба забони суғдӣ ибодат мекарданд. Шоҳзоданишинии маҳаллӣ ба тадриҷ мухториятро аз даст медод, ашрофзодаҳо ва тоҷирони сарватманд шаҳрҳои хурдро ба монанди Панҷакент тарк мекарданд.

Нухбагони суғдие, ки Исломро қабул карда буданд, аз байн нарафтанд. Онҳо фаъолияти худро идома дода, дар зинаҳои иҷтимоӣ боло мерафтанд ва ба сохторҳои давлатии хилофат дар Марв, Нишопур ва Бағдод шомил мешуданд. Суғдиҳо дар шуубия (ҷараёни сиёсие, ки дар асрҳои миёна дар баробари бартариҷӯии арабҳо нисбат ба мардуми эронинажод ба майдон омадааст) иштирок намуда, ба забонҳои арабӣ ва форсӣ рисолаҳо ва шеърҳо менавиштанд.

(Идома дорад)

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG