Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камолуддин Абдуллоев. Боз (пан)туркизм?


Камолуддин Абдуллоев, таърихнигори тоҷик
Камолуддин Абдуллоев, таърихнигори тоҷик
Як генерали мустаъфии Туркия дар пасманзари ҳодисаҳои Қазоқистон хостааст, кишварҳои туркӣ нерӯҳои мусаллаҳи ягона ташкил диҳанд. Юсел Карауз бар ин назар аст, ки иттиҳоди кишварҳои туркзабон на танҳо аз сиёсату иқтисод, балки ҳамгироии низомӣ ҳам иборат бошад.
Сиёсатшиноси тоҷик, Абдуллоҳи Раҳнамо, бовар дорад, пас аз эътирозу беназмиҳо хатту рӯҳияи миллигароӣ дар Қазоқистон ба тадриҷ паст шуда, хусусан “савтҳои туркӣ дар он то муддати зиёде камранг хоҳанд шуд.
Туркҳо ва аҳолии форсизабон дар Осиёи Миёна қарнҳост, ки паҳлӯи ҳам зиндагӣ доранд, вале дар муносибати онҳо ҳамеша мушкил вуҷуд доштааст. Адиб Холид, устоди Донишгоҳи Карлтон дар Нортсфилди Миннесота, соли 2021 навишт, ғояи туркпарастӣ (на пантуркизм) дар минтақа баъд аз соли 1917 нақши хеле муҳим бозидааст. Навиштаи нави таърихнигори тоҷик, Камолуддин Абдуллоев, идомаи он баҳсҳо аст.

Камолуддин Абдуллоев

Созмони кишварҳои туркӣ (СКТ) моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Анкараи Туркия таъсис ёфт. Ба ҳайати он, ба ҷуз аз Озарбойҷон ва Туркия, чаҳор кишвари ҳамакнун “турк”-и Осиёи Марказӣ (қаблан худро туркзабон меномиданд) шомил шуданд. Туркманистон мақоми нозирро дорад.

Магар дар пушти СКТ кӯшишҳои эҳёи пантуркизм, ки тоҷикон аз ин падида хотираҳои нохубе доранд, нануҳуфтааст? Шояд Тоҷикистонро мебояд ба ин иттиҳоди туркон ҳамчун кишвари дӯсти ғайритурк пайвандад? Ё ба умеди он ки СКТ-ро низ тақдири Иттиҳоди ташкилношудаи давлатҳои форсизабон интизор аст, нодида бигирад?

Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод. Шаҳри Душанбе, моҳи марти 2010
Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод. Шаҳри Душанбе, моҳи марти 2010

Ё ба монанди Лигаи кишварҳои араб, ки ба далели зиддиятҳои дохилияшон сустии худро нишон додаанд? Беҳтар аст, барои посух додан ба ин суолҳо шитоб накунем ва решаҳои таърихии (пан)туркизм дар Осиёи Миёнаву сиёсати Туркияро нисбати минтақаи мо баррасӣ намоем.

Маврид ба зикр аст, ки пантуркизм як идеологияи миллатгароӣ буда, решаҳои муштараки нажодӣ, фарҳангӣ ва забонии мардуми туркзабонро дар саросари АвруОсиё таблиғ карда, ҳамаи онҳоро ба як иттиҳоди сиёсӣ ё танҳо фарҳангӣ даъват мекунад. Пантуркизм бо туркгароӣ ё туркизм умумиятҳои зиёде дорад, вале худи он нест. Дувумӣ як зуҳуроти маҳаллии миллатгароии нажодӣ аст ва пантуркизм таълимоти сиёсиест, ки бар туркизм (миллатгароии туркӣ) асос ёфтааст.

Идеяи миллатгароӣ дар минтақа нахуст дар зеҳни ҷадидон – зиёиёни мусулмони Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри гузашта, ки сафарҳои зиёд намуда, афзоиши густардаи худшиносии миллиро дар кишварҳои шарқӣ, пеш аз ҳама, Туркия мушоҳида мекарданду бори нахуст фикр менамуданд, сокинони минтақаашон низ бояд “миллат”-и худро муайян созанд. Онҳо дар ин ҳеч шакке надоштанд, ки миллати ҳама бояд умумӣ ва якхел бошад. Аммо кадом?

Аъзои Шӯрои Ҳамкории Кишварҳои Туркзабон. Истанбул, моҳи ноябри 2021
Аъзои Шӯрои Ҳамкории Кишварҳои Туркзабон. Истанбул, моҳи ноябри 2021

Сулолаи манғитиҳо, ки аз миёнаҳои асри 18 то соли 1920 дар Бухоро ҳукмронӣ мекарданд, ҳарчанд узбек буданд, вале худро узбек муаррифӣ намекарданд. Якум барои он ки сулолаҳои ҳукмрони турк аз Қарохониён (асри 11) то манғитиҳо ҳеч гоҳ барои паҳн кардани фарҳанги кӯчманчигии худӣ талош намекарданд, онҳо ҳаводори ашаддӣ ва пуштибони фарҳанги волои эронӣ ва исломӣ буданд. Дувум, ин ки онҳо набераҳои Чингиз ё Темур набуданд ва бинобар ин, ба хотири қонунигардонии ҳукмронии худ на ба мансубияти нажодию фарҳангӣ, балки ба тақводорӣ ва Ислом такя мекарданд. Онҳо худро “амирони мусулмон” меномиданд, на хон (Чингиззода). Намегуфтанд, ки Бухоро мулки меросмонда аз гузаштаҳои турку муғулашон аст, балки мегуфтанд, он “Маркази ислом” аст. Забони модарӣ ва расмии нухбагони Бухоро забонӣ форсӣ – нахустин забон баъди арабӣ дар ислом буд.

Ҳеч ҷои тааҷҷуб ҳам надорад, ки мухолифони тартиботи амирӣ низ дар ибтидои асри 20 интиқоди худро бар тарғиби туркизм ва рад шудани забони форсӣ ба унвони як забони мавъиза ва муллоҳо поя гузоштанд. Ба ҷуз ин, забони форсиро забони форсҳо - шиаҳо мешумурданд, ки мардуми бумии Бухоро – сунниҳо онҳоро чандон дӯст намедоштанд.

Сад сол пеш ба туркгароӣ (туркизм) форсизабонон (аксарияташон тоҷик буданд), аз ҷумла донишмандон, нависандаҳо ва мутафаккири асосии ҳаракати ҷадидия Абдурауфи Фитрат ҷалб шуданд, ки ба монанди Маҳмуд Беҳбудӣ аз Самарқанд то рафтан барои таҳсил ба Туркия дар соли 1909 бо забони форсии Осиёи Миёна сухан мегуфт ва менавишт, вале баъди бозгашт аз онҷо ба як миллатгарои ашаддӣ табдил ёфта буданд.

Ӯ баъд аз узви ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) шудан дар охирҳои соли 1920 бо як шавқу рағбати зиёд ба бунёди як ҳуввияти “туркӣ” ба ҷои ҳуввияти нажодии бетарафонаи “бухороӣ” машғул шуд. Вай моҳи марти соли 1921 забони туркиро дар ҶХШБ забони расмӣ эълом карда, истифодаи забони тоҷикиро дар низоми маориф ва коргузорӣ манъ кард.

Ҷадидҳо ҷавононе буданд, ки ба шеваи ҷавонони турки Хилофати Усмонӣ худро ҷавонони бухороӣ номида, бо нусхабардорӣ аз таҷрибаи ислоҳоти туркӣ барои бурун рафт аз асримиёнагӣ кушиш мекарданд.

Вале ин модели замонависозии туркӣ тавассути нусхабардории пешрафтҳои ғарбӣ ва ба инобат нагирифтани таҷрибаи худӣ танҳо дар Туркия қисман кор дод. Кӯшишҳои табдили Бухоро ба як давлати дунявии мусулмоннишин, ки ба меъёрҳои ғарбӣ ҷавобгӯ бошад, ба ҳам заданд. Зимоми қудрат дар Бухоро соли 1923 аз туркони миллатгаро ба коммунистҳои русгаро гузашт. Фитрат ва ҷонибдорони “миллати туркистонӣ” аз Бухоро табъид шуданд.

Майдони Амир Темур. Маркази таърихии шаҳри Бухоро
Майдони Амир Темур. Маркази таърихии шаҳри Бухоро

Танҳо мондани Файзулло Хоҷаев дар сари қудрат, ки дар бозии дастгоҳ бар Абдуқодир Муҳиддинов пирӯз шуд ва соли 1924, ба гуфтаи Адиб Холид, на танҳо аз узбек ба тоҷик, балки ба сарвазири Тоҷикистон табдил ёфт. Фитрат баъди бохти ҷадидия ва интиқодҳо аз пантуркизм аз сиёсат канор рафта, дар эҷодиёти минбаъдаи худ қисман ба мавзӯи “тоҷикӣ” бармегардад. Худи ҶХШБ аз як ҷумҳурии мустақили мардумӣ дар Узбекистон ба як “думрав”-и Маскав табдил ёфт ва ба ҷои “Турон – ватани туркҳо”-и хаёлӣ дар харита, чаҳор кишвари шӯравии туркӣ бо шумули Тоҷикистони форсзабон пайдо шуд, ки дар соли 1929 ба як ҷумҳурии комилҳуқуқи Шӯравӣ табдил ёфт.

Ҷадидон сарфи назар аз шикаст ва айбдоркуниҳои на ҳама вақт асоснок дар пантуркизм ба афзоиши худшиносии миллӣ дар миёни халқҳои Осиёи Миёна то омадани болшевикҳо ба минтақа, бахусус пеш аз тақсимоти соли 1924 таконе бахшиданд. Бинобар ин, онҳое, ки мегӯянд, мардуми Осиёи Марказӣ бояд ба ҳукумати Шӯравӣ ва Сталин ба хотири он ки “аз ҳеч чиз” ва бе иштироки фаъоли нухбагони маҳаллии мусулмон миллат сохтанд, хато мекунанд.

Зарурати аз нав ташкил додани ҷомеа бидуни истинод ба Туркия яке аз заҳматҳои умумии ҳам ҷадидон ва ҳам доираҳои васеи рӯшанфикрони Осиёи Миёна ҳанӯз дар охирҳои асри 19, бо шумули Аҳмади Дониш, Маҳмуди Беҳбудӣ ва дигарон буд.

Вале мо каме аз мавзуъ берун баромада, ба пеш шитоб кардем. Сад сол пеш нақшаҳои Туркия дар қиболи Бухоро ва Туркистон чӣ буд ва пантуркизм дар ин замина чӣ нақше дошт? Дар ин бора дар қисми дувум хоҳем гуфт.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG