Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адиб Холид. Сад соли “инқилоб”-и Бухоро


Маркази таърихии шаҳри Бухоро

Дар матлаби пешинаи "Блогистон" зери унвони "100 сол бе Бухоро" таърихнигори тоҷик Камолиддин Абдуллоев суқути аморатро як навъ натиҷаи ногузири ақибмондагӣ ва табиати иртиҷоии он донист. Ҳарчанд онро зӯроварӣ хонд, вале ҳамчунон "инқилоб" қаламдод намуд. Вале афзуд, агар ин зӯроварӣ намебуд, Бухоро метавонист, "таърихи худро бо комёбӣ идома диҳад. Ба монанди Гурҷистону Арманистон, ки мисли Бухоро давлатҳои қадимиянд." Дар матлаби нав ба қалами ховаршиноси маъруф, устоди Донишгоҳи Карлтон дар Нортсфилди Миннесота Адиб Холид на танҳо таърихча ва табиати аморат, балки ба чӣ шева суқут кардани он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Адиб Холид
Адиб Холид

Адиб Холид

Сад соли “инқилоб”-и Бухоро

Сад сол пеш, дар рӯзи 2 сентябри соли 1920, нерӯҳои Артиши Сурхи Коргару Деҳқон дар ҷабҳаи Туркистон ба Бухоро ҳуҷум кардаан ва ба мавҷудияти аморати Бухоро хотима гузоштанд. Онҳоро як шумор аз муҳоҷирони бухорӣ, аъзои деринаи мухолифин ҳамроҳӣ карданд, ки се сол пеш аз Бухоро ронда шуда буданд. Акнун онҳо баргаштанд, то режими амирро сарнагун ва ба ҷояш бунёди як ҷумҳурии мардумиро эълон кунанд. Саид Олимхон, охирин амири Бухоро, пеш аз ҳуҷум гурехт ва бо ҳамин дигар ҳаргиз рӯйи Бухороро надид.

Ҳокимони нав вуруди пирӯзмандонаи худро "инқилоб" номиданд. Баъдтар, таърихнигорони Шӯравӣ ба ин воқеа ҷомаи рангинтари шӯравӣ ва марксистӣ пӯшонданд, аммо дар дарозои давраи шӯравӣ сарнагунии аморат ҳамчун инқилобе тасвир карда мешуд, ки дар он мардуми мазлуми Бухоро зидди ҷабру истибдоди амир бархост ва ӯро маҷбур ба фирор кард. Дар ин ривоят нақши Артиши Сурх танҳо бо "кӯмаки инқилобии бародарона ба халқи Бухоро дар муборизаи он бо истибдоди худкомаи Бухоро" маҳдуд шуд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ табуҳои куҳна аз байн рафт, дари бойгониҳо боз шуд ва акнун мо метавонем ин ҳикояро бо гунаҳои дигар нақл кунем. Таърихнигори маскавӣ Владимир Генис онро "инқилоби саҳнасозишуда" (бутафорская революция) меномад. Дар сарнагун кардани амир ва таъсиси ҷумҳурӣ бухороиён даст доштанд, аммо гуфтан мумкин нест, ки дар Бухоро исёни халқӣ сурат гирифта буд.

Қатъи назар аз табиати «инқилоб», он поёни як давраро замонбандӣ кард. Аморати Бухоро охирин давлати зиндамондаи Осиёи Марказӣ буд ва нобудшавии он маънои хатми ниҳоии анъанавии сиёсие буд, решааш ба гузаштаҳои дури чандасра мепайваст. Он ҳамчунин маънои марги ҳокимияти авлодӣ ва сулолаиро дошт. Сулолаи манғит аз миёнаҳои асри XVIII дар Бухоро ҳукмронӣ мекард. Ба фарқ аз ҳокимони зиёди Осиёи Марказӣ, манғитҳо ворисони Чингисхон набуданд, ки аз асри XIII ба ин сӯ сарчашмаи эътирофшудаи ҳокимияти сиёсӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, онҳо машрӯъияти худро аз як қатор сарчашмаҳои гуногун мегирифтанд, ба монанди соҳиб будан ба тахт ва даъвои онҳо, ки кафили адлу суботанд. Онҳо инчунин ба машрӯъияти исломӣ такия зада, унвони амир ё амир-ул-муслиминро ба худ гирифта буданд.

Ин аслҳои машрӯъият аз забт шудани Россияи Осиёи Марказӣ осеб надиданд. Артиши Русия дар солҳои 1860 бахшҳои азиме аз Осиёи Марказиро забт кард, аммо бо як қатор сабабҳои дипломатӣ ва молиявӣ русҳо амирро дар тахташ нигоҳ доштанд, то қисми зиёд (вале на ҳама)-и қаламрави худро идора кунад. Бухоро ба протекторат ё кишвари таҳти муҳофизати импературии Русия табдил ёфт. Чунин ҳолатҳо барои империализми қарни нуздаҳум маъмул буд.

Амирҳо ин ҳолати навро мавриди истифодаи хуб қарор доданд. Онҳо худро ба русҳо дӯстони вафодор ва кафили сулҳу субот дар минтақа нишон доданд. Онҳо дар маъракаҳои император ширкат мекарданд, соҳиби рутбаҳои баланди ҳарбии Русия мешуданд ва писарони худро барои таҳсил ба академияҳои ҳарбии Русия мефиристоданд. Барои аҳолии зердасти худ онҳо аз худ охирин қалъаи анъана ва ҳукумати исломиро муаррифӣ карданд. Онҳо исбот карданд, ки зидди чунин навовариҳое ба монанди мактабҳои нав ё матбуоти чопӣ дар қаламрави худанд.

Бухоро аз шикасти ҳукумати подшоҳии рус дар моҳи феврали соли 1917 низ ҷон ба саломат бурд. Амири вақт Саид Олимхон бо истифода аз пайти муносиб, худро аз зери назорати Русия берун кашид. Вай даъвати ислоҳталабонро саркӯб кард (бисёре аз онҳо аз дасти ӯ ба Туркистон паноҳ бурданд) ва артиши худро тақвият дод. Аммо қадам бо эҳтиёт ниҳод ва кӯшид, ки бо ҳокимияти шӯравӣ, ки акнун дар Туркистон реша мегирифт, зиддият пайдо накунад. Зиёда аз ду сол ҳукумати амир дар ҳамзистӣ бо Туркистони Шӯравӣ ба сар бурд.

Мақомоти шӯравӣ низ аз Бухоро сари тарс доштанд. Ба гуфтаи намояндаи комилҳуқуи шӯравӣ дар Бухоро А. Э. Акселрод, ҳалли ҳарбӣ роҳи дилхоҳ набуд. "Торумори артиши Бухоро хеле осон аст, аммо ёфтани илоҷи дуюним миллион аҳолии кӯҳистон комилан ғайримумкин хоҳад буд." Ва ин боиси таҳрики бритониёҳое мегардад, ки ба режими шӯравӣ нафрат доштанд ва ҳамеша ба амалҳои Русия дар наздикии марзҳои империяи Ҳиндустонии худ бо шубҳа менигаристанд.

Мансабдорони шӯравӣ дар Тошканд ба маротиб моҷароҷӯтар буданд. Михаил Фрунзе, фармондеҳи Артиши Сурх дар ҷабҳаи Туркистон дар соли 1920 баҳси ҳалли низомиро оғоз кард. Ба эътиқоди ӯ, дар ояндаи наздик имкони сар задани як инқилоб дар Бухоро вуҷуд надошт. "Барои эҷоди рӯҳияи инқилобӣ дар Бухоро, бояд на моҳҳо, балки солҳо мунтазир шуд." Ҳатто дар ҳамон ҳол низ «ҷунбиш дар Бухоро бояд фақат як такон бошад, ҳама чизи боқимондаро, тахминан 9 аз 10 бояд Артиши Сурхи Русия кунад». Дар тӯли тобистон, вай Бюрои Сиёсиро ба дурустии мавқеъаш мутмаин сохт ва барои ҳамла чароғаки сабз гирифт.

Такон бояд аз ҷониби муҳоҷирони Бухоро дода мешуд, ки зимни таъқибу саркӯби мухолифон аз аморат гурехтаанд. Онҳо ба чанд ҷиноҳ тақсим шуда буданд, аз ҷумла як гуруҳи хурди Ҳизби коммунисти Бухоро (ҲКБ) ва ду маҳфили ҷадидони Бухоро, ки акнун худро Ҷавонбухориён меномиданд. Аксар вақт байни онҳо нишоне аз муҳаббат набуд. Дар моҳи август Фрунзе ҳамаи ин гурӯҳҳоро маҷбур кард, ки ба ҲКБ ҳамроҳ шаванд, аммо дертар Ҷавонбухориён роҳбари умумӣ гузошт. Маҳз ҳамин коммунистони навбунёд ва савора бар Артиши Сурх мебоист инқилобро ба Бухоро меоварданд.

Амалиёти низомӣ шаби 28-29 август дар Чорҷӯй (Туркманободи имрӯза) оғоз ёфт. Дар панҷ рӯзи баъдӣ лашкари Артиши Сурх аз чанд самт ҳаракат кард ва қаламрави аморатро ишғол намуд. Шаҳри Бухоро рӯзи 2 сентябр, пас аз зарбаҳои шадид аз замин ва ҳаво, ки ба шаҳр зарари ҷиддӣ расонд, гирифта шуд. То поёни он рӯз, парчами сурх бар фарози Арки амир парафшон гашт. Охирин давлати авлодии Осиёи Марказӣ аз байн рафт.

Олимхон бо боқимондаҳои артиши худ ва чанде аз наздикони вафодораш пешопеши лашкари ишғолгарон аз шаҳр баромад. Вай ба кӯҳистони Бухорои Шарқӣ раҳсипор шуда, аз он ҷо талош кард, бо Артиши Сурх биҷангад. Дере нагузашта ба Кобул рафт ва дар он ҷо амир Амонуллоҳ ба ӯ паногоҳ дод. Вай умри худро дар он ҷо ба поён расонд. Бритониёҳо ба ӯ ҳатто визаи гузар ё транзитиро ба Ҳиндустон надоданд, то ҳаҷ кунад. Ин дар ҳоле буд, ки шӯравиҳо ва ҷавонбухориён ӯро ҳамчун пешхидмати бритониёиҳо айбдор мекарданд. Соли 1929 вай як китобчаи як андоза аҷиберо бо номи "Таърихи ҳасрати миллати мазлуми Бухоро" навишт. Он муроҷиате ба Лигаи Миллатҳо буд ва тарҳеро барои парвандаи Бухоро ба миён овард. Аммо Олимхон забони сиёсати байналмилалиии пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳониро хуб намедонист. Китоб ба фаронсавӣ нашр шуд, вале маълум буд, ки аз нусхаи русӣ тарҷума шудааст. Дар он Олимхон танҳо аз хиёнати болшевикҳо мегӯяд ва худро ягона ҷабрдидае тасвир мекунад, ки болшевикҳо заминашро дуздидаанд. Вай натавонист худро баёнгари манфиатҳои мардуми Бухоро ё сарзамини Бухоро падид оварад.

Олимхон қисми зиёди сарват ва аксарияти дарбориёнашро бо худ бурда натавонист. Ин ҳол ду достонеро аз ӯ боқӣ гузошт, ки ҳанӯз ҳам мечарханд. Гӯё амир сарвати афсонавие дошт, ки гоҳе 35 миллион фунт стерлинг (бо пули он замон) баровард мешуд. Агар ин рақам дуруст бошад, пас ҳукму душноми мунаққидонаш, ки ӯро золиму баднафс меноманд, бодалел намудор мешаванд. Аммо ин рақам муболиғаи ошкорост, зеро маҷмӯи маҳсулоти дохилии солонаи Бухоро хеле камтар аз он буд. Ин ҷо бештар қолабҳои ориенталистӣ ё бархӯрди афсонамонанд ба Шарқ, ҳокимони золими он ва сарватҳояшон нақш бозидааст. Аммо достони ганҷҳои амир дере нагузашта афсона шуд ва қиссаи бо вагонҳо ба Маскав кашондани тилову нуқраи ӯ ба чархиш даромад.

Ин достон ҳамчун беҳтарин тимсоли ишғол ва тахриб шудани Бухоро қатъи назар аз талошҳои таърихнигории расмӣ, ки инқилоби Бухороро як шӯриши мардумӣ қаламдод мекунад, ба ёд оварда мешавад.

Достони дувум ба ҳарами амир рабт дорад. Ин ҷо ҳубобҳои ориенталистӣ боз ҳам бузургтаранд. Тамоми ҳокимони Осиёи Марказӣ чандтоӣ зан ва каниз доштанд - ин бахше аз низоми маъмулии ҳукмронӣ буд, аммо дар аввали асри ХХ мунаққидони амир ва режими худкомаи ӯ ҳарами амирро ҷойи айшу нӯши бепоён дар пасманзари фақру гуруснагии халқаш тасвир карданд. Ин миф ё устура барои ваҳшатнок нишон додану беобрӯ кардани ӯ муҳим буд. Қиссаи онро аввал ҷавонбухориён расонаӣ кардан два дертар он ба бахше аз таърихномаҳои Шӯравӣ ворид гардид. Баъдан он якҷо бо зиндони амир ба бахше аз нақлҳо барои сайёҳони Бухоро табдил ёфт. Иттиҳоди Шӯравӣ кайҳо аз байн рафтааст, аммо қиссаи ҳарами амир ҳанӯз зинда аст.

Мо ҳамчунин мафҳуми бунёдии пойдевори сиёсии аморатро фаромӯш кардаем. Ин ҳукмронии як сулолае буд ва ҳамаи тобеонаш ба он байъат доштанд. Биноан, ҳеч ихтилофе байни он набуд, ки ҳарчанд сулола узбек буд, забони дафтардорӣ, маориф ва фарҳанги баланд ғолибан форсии тоҷикӣ буд. Миллат ба маънои имрӯзааш дар захираи луғавии аморат вуҷуд надошт. Ҷавонбухориён дар низоми куҳна бадиҳои зиёде ёфта буданд ва бетаваҷҷуҳӣ ба миллият яке аз муҳимтарини онҳо буд. Онҳо омодагӣ мегирифтанд, ки вақте худашон ба қудрат мерасанд, ин мушкилро ҳал кунад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG