Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъоли туркман Нурбердӣ Бозоров дар Истанбул


Нурбердӣ Бозоров.
Нурбердӣ Бозоров.

Фаъоли мадании туркман Нурбердӣ Бозоров, ки мақомоти Туркманистонро танқид мекард, рӯзи 29-уми октябр дар шаҳри Истанбул боздошт шудааст.

"Ӯ дар ҳоли ҳозир дар маркази ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад. Мехоҳанд, ба Туркманистон фиристанд", - гуфт фаъоли дигари туркман Нурмуҳаммад Аннаев ба бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Аннаев ва фаъолони дигари туркман бар ин назаранд, ки Бозоров бо дархости мақомоти Туркманистон дастгир шудааст. Онҳо мегӯянд, Нурбердӣ Бозоров дар сурати ихроҷ дар ватан ё шиканҷа ва ё бедарак хоҳад шуд.

Фаъолон мегӯянд, Бозоров ҳукумати Туркманистонро танқид мекард.

"Ӯ ҳукумати Туркманистон ва хонаводаи Бердимуҳаммадовҳоро танқид мекард. Баъзан ба таҳқири шахсият мегузашт. Шояд аз ҳамин сабаб мақомоти Туркманистон хоҳони таслими ӯ ҳастанд", — гуфт яке аз ин фаъолон.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG