Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба наздиконаш гуфтаанд, мурофиаи Пирмуҳаммадзода 13 октябр аст


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Ба пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хабар додаанд, ки мурофиаи рӯзноманигори дастгиршудаи тоҷик рӯзи 13-уми октябр аз сӯи додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Ба вай аз 3 то 5 сол зиндон таҳдид мекунад. Наздиконаш мегӯянд, ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари баргузории мурофиаро ба онҳо вакили мудофеъ расонд.

Вай аз қавли вакил афзуд, "азбаски ду шоҳиди парванда, якеаш рӯзноманигори дигари боздоштшуда Завқибек Саидаминӣ, дар боздоштгоҳ ҳастанд, мурофиа низ дар онҷо мегузарад."

Маълум нест, оё наздиконаш ва хабарнигоронро ба мурофиа роҳ хоҳанд дод ё не. Ба муҳокимаи ба ин монанди журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ танҳо вакили мудофеъ ва ҳамсарашро роҳ дода, вале ҳукмро бе ҳузури пайвандон хонда буданд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори собиқи радиои "Садои Душанбе", моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президенти Тоҷикистон машҳур шуд. Он замон гуфта буд, ки аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ба дод омадааст. Пас аз он дар Ютуб саҳифае кушоду ба шарҳи масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ пардохт.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то кунун ду нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 8 ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол зиндон – маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки таъқибу таҳдиду фишорро бас ва рӯзноманигорону блогеронро озод кунад, вале мақомот посухе надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG