Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандонаш гуфтанд, Пирмуҳаммадзода "зери фишор" эътирофи видеоӣ додааст


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, мегӯянд, ӯ "зери фишор" дар наворе ба гуноҳ "иқрор кардааст" ва ҳоло мехоҳанд, мақомот пеш аз мурофиа онро таҳқиқ ва аз эътибор соқит кунанд.

Ба иддаои онҳо, видео моҳи июли имсол дар Идораи умури дохилии шаҳри Ваҳдат сабт шуда, дар ҷое нашру паҳн нашудааст, "вале далели асосии мақомот ба зидди ӯст." Дар Идораи умури дохилии Ваҳдат қазияро шарҳ надоданд.

Бародараш Абдукарим Пирмуҳаммадзода рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи маҷбурӣ будани навор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол ариза навишта будааст.

Ин бахши қазияи Пирмуҳаммадзода то ҳол расонаӣ нашуда буд. Наздикон мегӯянд, то ин дам умед доштанд, ки мақомот воқеӣ будани видеоро рад мекунанд ва бинобар ин ба касе "лаб накушоданд".

"Ба ӯ гуфтаанд, агар матнро нахонад, маро аз Русия ба Тоҷикистону меоранд ва нисбати хоҳарам парванда мекушоянд. Ночор розӣ шуда, матни навиштаро гуё дар бораи ҳамкорияш бо Ҳизби наҳзати исломӣ хондааст. Аммо дар ариза гуфтааст, ҳеч гоҳ бо ин ҳизб ҳамкорӣ надошт ва танҳо матнеро, ки ба зӯр ба ӯ доданд, хонд," – иддао кард Абдукарим Пирмуҳаммадзода.

Ба қавли ӯ, аризаи бародараш тавассути вакили мудофеъ ба Додситонии кул ва Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат пешниҳод шуда, аммо то ҳол посухе нагирифтанд. Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик мурофиа оғоз мешавад ва онҳо маҷбурӣ будани эътирофи видеоиро ба баҳс хоҳанд кашид.

Тасдиқи ин гуфтаҳо аз манобеи расмӣ феълан имконпазир нест, чун мақомоти Додситонии кул ва муфаттишони ШКД-и Ваҳдат суҳбат намекунанд. Вакили мудофеъ низ шарҳ надод.

Дар оғози моҳи октябр як манбаи наздик ба тафтишот хабар дода буд, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода "сахт шиканҷа шуда" зери фишор иттиҳоми ифротгароиро пазируфтааст. Манбаъ "афсурдагӣ ва дасту нохунҳои сиёҳшуда"-и ӯро намуна оварда, вале дар бораи навор чизе нагуфта буд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки дар гузашта дар радио ва телевизиони давлатӣ кор карда, солҳои охир ҳамчун блогер фаъол буд, моҳи июли имсол дастгир шуд. Вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Ин иттиҳом аз 3 то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Хабарнигори собиқи радиои "Садои Душанбе" моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президенти Тоҷикистон маъруф шуд. Он замон гуфта буд, ки аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва баҳудаву беҳудаи нозирони роҳ ба дод омадааст. Пас аз он дар Ютуб саҳифае кушод ва ба шарҳи масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ пардохт.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то кунун ду нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 8 ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки таъқибу таҳдиду фишорро бас ва рӯзноманигорону блогеронро озод кунад, вале мақомот посухе надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG