Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи Далери Имомалӣ. Ин бор ҳам дар боздоштгоҳ


Далери Имомалӣ, рӯзноманигори тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Далери Имомалӣ, рӯзноманигори тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи 7-уми октябр нахустин мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери тоҷик баргузор гардид.

Ин блогери тоҷик ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар аст. Далери Имомалӣ дар бозпурсиҳо иттиҳомро қисман қабул кардааст.

Як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи Далери Имомалӣ дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, парвандаи Далери Имомалӣ аз сӯи Даврон Назарзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад.

“Дар мурофиаи аввал аксари шоҳидон даъват ва пурсида шуданд. Ҳамсари Далерро ҳам ба мурофиа роҳ доданд. Мурофиаи дуюм ҳафтаи оянда баргузор мешавад,”-афзуд манбаъ.

Талошҳои мо барои суҳбат бо пайвандони Далери Имомалӣ бенатиҷа буд. Онҳо аз оғози боздошти ин блогер аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд. Масъулини Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳам чизе нагуфтаанд.

Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз сӯи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд. Ду рӯз пас мақомот гуфтанд, ин блогер ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дидаву дониста расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмони мамнуи “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад. Ин созмони мухолифи ҳукумат ҳама гуна ҳамкорӣ бо Далери Имомалиро рад кард. Қаблан баъзе манобеъ гуфтанд, Далери Имомалӣ ба ҷуз аз иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ айбҳои дигарро қабул накардааст.

Парвандаи Далери Имомалиро рӯзи 15-уми сентябр ба додгоҳ фиристода буданд.

Дар моҳҳои ахир 7 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт шуданд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҳамкори Далери Имомалӣ рӯзи 4 октябр ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд, ҳарчанд худаш гуфт бегуноҳ аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла САҲА аз ҳабси хабарнигорон ва маҳдуд шудани озодии баён дар ин кишвар, сахт нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хост, ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар мавриди озодии баёнро риоя кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG