Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: “Агар Тоҷикистон журналистонро озод накунад, мо талаби боздид аз маҳбасҳоро мекунем"


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт, вазъи озоди баён дар панҷ моҳи ахир дар Тоҷикистон шадидан бад шудааст.

Вазъи матбуоти мустақил ва хабарнигорони тоҷик дар ҷаласаи навбатии арзёбии ҳуқуқи башар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин ҷаласаи даҳрӯза 26-уми сентябр дар пойтахти Лаҳистон, Варшава шурӯъ шуд ва рӯзи 30-юми сентябр ба вазъи матбуот ва озодии баён дар кишварҳои узви САҲА бахшида шуд.

Том Гибсон, масъули дафтари аврупоии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар ин нишаст дар бораи боздошту фишор алайҳи хабарнигорон дар Тоҷикистон гузориш дода, аз ҳукумати кишвар озодии онҳоро талаб кард. Ҳоло дар Тоҷикистон дастикам ҳафт хабарнигор паси панҷара ҳастанд ва ба ҷиноятҳои сахт муттаҳам мешаванд.

Дар Тоҷикистон айни замон чандин хабарнигору блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хушом Ғулом дар боздошт ҳастанд.

Том Гибсон гуфт, вазъи журналистон дар ин кишвар баъд аз ҳодисаҳои моҳи май дар Бадахшон хеле бад шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар паи ин ҳодисаҳо, ки мақомот онро амалиёти зиддитерористӣ ном мебарад, боздошти хабарнигорон идома дорад. Вай гуфт, ҳукумат тамоми талошро ба харҷ медиҳа, то муҳокимаи хабарнигорони боздоштшуда пинҳонӣ ва дур аз чашми расонаҳои мустақилу ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат бигирад.

Том Гибсон гуфт: “Агар Тоҷикистон онҳоро озод накунад, мо талаби боздид аз маҳбасҳоро мекунем, то бо ҳолати руҳиву ҷисмонии боздоштшудаҳо ошно шавем. САҲА муваззаф аст, ки дар зиндонҳо мониторинг гузаронад.”

Дар ҷаласаи Варшава ҳамчунин аз фишору таъқиб ва ҳамла ба хабарнигорону аз ҷумла журналисти Радиои Озодӣ ёдовар шуданд. Том Гибсон, масъули дафтари аврупоии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз он нигаронӣ кард, ки расонаҳо дар кишвар ҳаққи фаъолияти озод надоранд ва танҳо ба фарзияи расмии ҳодисаҳои Бадахшон дастрасӣ доранду халос. Вай таъкид кард, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бояд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кунад, ки ба таъқибу фишори расонаҳои мустақилу ғайридавлатиро хотима диҳад.

Ин бори аввал нест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон Тоҷикистонро барои боздошти хабарнигорон интиқод ва озодии онҳоро талаб мекунад.

Мақомот ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надодаанд. Хабарнигорони тоҷик давоми моҳи 4 моҳи ахир боздошт шуданд ва мақомот онҳоро ба иттиҳоми гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, айбдор кардааст. Наздиконашон ин иттиҳомро беасос ва “сохтаву бофта” медонанд. Мақомот ҳам далелҳои бештар фароҳам намекунанд.

Дар рӯзи панҷуми ҷаласаи арзёбии ҳуқуқи башар дар Варшава, ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои ҷаҳонии кор бо хабарнигорон аз вазъи озодии баён ва саркуби ҷомеаи шаҳрвандиву журналистон дар бисёр кишварҳои дигари шӯравӣ ва узви САҲА изҳори ташвиш карданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG