Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз саркӯб дар Бадахшон то манъи ҲНИТ дар Русия. Фаъолони тоҷик дар САҲА чӣ гуфтанд?


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, дар ҷаласаи Варшава
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, дар ҷаласаи Варшава
Арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, баъди танаффуси вобаста ба коронавирус рӯзи 26-уми сентябр дигарбора дар Варшава – пойтахти Лаҳистон (Полша) – шуруъ шуд. Дар ҳошияи ҷаласаҳои асосӣ, ки Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ODIHR) ва ҳукумати Полша ташкил кардаанд, фаъолону мухолифони тоҷик чанд мушкили доғи ҷомеаи кишварро ба баҳс мекашанд.

Масъулони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳоли ҳозир набудани ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои имсолаи Варшава тасдиқ карданд. Мақомот дар Душанбе масъаларо шарҳ надоданд.

Тоҷикистон дар гузашта аз қоидаи конфронс дар мавриди ҳузури баробар ва бемонеаи намояндагони гурӯҳу созмонҳои сиёсӣ нороҳат шуда буд, вале САҲА вуҷудашро барои баррасии ҳуқуқи башар муҳим донист. То соли 2018 ҷаласаҳои ҳуқуқи башар майдони муҳим ва тақрибан ягонаи дидору баҳси рӯбарӯ ва даъвоҳои тунд миёни намояндагони мақомот ва мухолифони тоҷик буд.

"Ҷомеаи шаҳрвандиро нобуд карданд"

Барномаи расмии ҷаласа, ки онро сомонаи САҲА нашр кард, ба баррасии вазъи демократия, озодии баён, мубориза бо шиканҷаву бадрафторӣ бо маҳбусон ва масоили дигари вобаста ба ҳуқуқи инсон тамаркуз кардааст. Таваҷҷӯҳ ба ҷанги беасоси Русия дар Украина ва пайомадҳои он низ аз мавзуъҳои калидист.

Раҳбари Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифони тоҷик дар Аврупо, рӯзи 27=уми сентябр дар ин ҷаласа куштори, ба гуфтааш, "ҷамъии ақаллияти помирӣ", ҳабсу фирори садҳо фаъолу рӯзноманигор ва боздошти дастикам даҳ хабарнигору блогерро бо иттиҳомҳои сохта "ҳодисаҳои фоҷеабор барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон" номид.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ҳукуматҳои Русия, Беларус ва Тоҷикистон "ҷомеаи шаҳрвандиро нобуд карданд", вале ҷомеаи байнулмилалӣ “барои муколамаву ҳамкорӣ” бо онҳо вақти зиёде сарф намуд. Ба бовари ӯ, муносибати ҷомеаи байнулмилалӣ нисбати ин кишварҳо бояд дигар шавад, чунки, ба гуфтааш, "бидуни шарту муколамаи мушаххас бунёди ҷомеаи демократӣ осеб мебинад".

Ишораи аввали Муҳиддин Кабирӣ ба эътирози сокинони ВМКБ ва саркӯби он аз ҷониби нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ дар моҳи майи имсол аст. Дар натиҷаи он даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар боздошту муҳокима шуданд. Мақомот онҳоро узви "гурӯҳҳои ҷиноӣ" номиданд. Фаъолони Бадахшон онҳоро шахсони бегуноҳе меноманд, ки ба таври осоишта эътироз карда буданд.

Вазъи Тоҷикистон дар дастикам чор ҷаласаи ҷудогона рӯзҳои 29-30-юми сентябр ва 5-уми октябр низ бо ташаббуси созмонҳои иҷтимоиву сиёсии воқеъ дар хориҷи кишвар матраҳ хоҳад шуд.

Аз ҷумла, 29-уми сентябр бо ташаббуси Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки як созмони воқеъ дар Аврупо аст, саркӯби эътирозгарон дар ВМКБ ва ҳам мурофиаҳои додгоҳии даҳҳо фаъоли бадахшонӣ паси дарҳои баста матраҳ мешавад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мурофиаҳо идома доранд ва баъзе аз онҳо, аз ҷумла, собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ Холбаш Холбашев ба зиндони абад маҳкум шудаанд.

Улфатхоним Мамадшоева ва...

Сарнавишти Улфатхоним Мамадшоева, журналист ва фаъоли ҷомеаи маданӣ, ки ба ташкили эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Бадахшон гумонбар аст, феълан маълум нест. Пештар намояндаи додситонӣ ба ӯ 25 сол зиндон хоста буд.

Қарор аст, дар ҷаласаи асосии бахшида ба озодии баён рӯзи 30-юми сентябр Том Гибсон, раҳбари Кумитаи дифоъ аз журналистон дар бораи вазъи журналистони тоҷик изҳори назар кунад.

Қазияи Улфатхоним Мамадшоева ва журналистону блогерони дигари боздоштшуда – Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Ғулом Хушом дар ҷаласаи рӯзи 30-юми сентябр матраҳ хоҳад шуд.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Брюс Панир, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, ки яке аз иштирокдорони он мешавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар бораи таъқибу зиндонӣ шудани журналистону блогерҳо дар Тоҷикистон ёд хоҳад кард.

Муҳаммадҷон Кабиров, раиси Бунёди ҳамгироиҳои фарҳангӣ ва муҳаррири “Azda TV” ҳамроҳи Кумитаи норвежии Ҳелсинки ва Oxus Society аз ташаббускорони ҷаласа аст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бӯҳрони бесобиқаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон амиқтар шуда, торафт аз назорат берун мешавад. Мақомот ҳамоно даст ба саркӯби журналистону блогерон ва дигарандешон мезананд."

Қарору ҳукмҳои сиёсӣ

Пажӯҳишгоҳи муколамаи Авруосиё дар ҷаласаи 30-юми сентябр мавзӯи “Террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар Русия ва пайомадҳои он”-ро ба баррасӣ мегузорад.

Ҳукми Додгоҳи олии Русия дар ин замина 14-уми сентябр содир шуд ва мунтақидон мегӯянд, ин қарор дасти ҳукумати Тоҷикистонро барои таъқибу саркӯби мухолифони режим дарозтар мекунад.

Анҷумани озодандешони тоҷик гуфтааст, рӯзи 5-уми октябр дар ҳошияи ҷаласаҳои ҳуқуқи башари САҲА мавзӯи “Зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон: шиканҷа, куштор ва қонуншиканиҳо”-ро матраҳ мекунад. Ин созмон мегӯяд, аз соли 2015 ва баъди мамнуъ шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон, беш аз 200 узви ин ҳизб дар мурофиаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Мақомот мегӯянд, онҳо ҷиноят кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG