Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодбаёнӣ ё даъват? Ташхиси сухани журналистон дар ин суол дармондааст. ВИДЕО


Айбномаи аксари журналистону блогерҳои боздоштшуда маълум шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00

Айбномаи аксари журналистону блогерҳои боздоштшуда маълум шудааст

Пайвандони Абудусаттор Пирмуҳаммадзода, журналисти боздоштшудаи тоҷик мегӯянд, мақомоти тафтишотии додситонии ноҳияи Шоҳмансур дар нисбати ӯ бо моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “ширкат дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии мамнуъ ва ташвиқу мусоидати онҳо тариқи интернет” парванда боз кардаанд.

Пирмуҳаммадзода ва Завқибекро ба чӣ айбдор кардаанд?

Ин модда аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои як манбаъи наздик ба тафтишот, дар ҳафтаи гузашта ташхис ё бозрасии барномаҳои блогерии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз тарафи гуруҳи муфатишони додситонӣ анҷом дода шудааст.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор, аз Русия 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши наворҳои ӯ ду ҳафта идома намуд, дар ҳоле ки ҳамаи наворҳояш дар саҳифаи Ютуб нашр шудаанд ва ин ки ӯро бо ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ айбдор кардаанд, туҳмат ва беасос аст.

Кушишҳои мо барои суҳбат бо пайвандони Завқибек Саидаминӣ, рузноманигор ва блогери дигари боздоштшуда натиҷае надод.

Масъулини Додситонии кулл қаблан гуфтанд, алайҳи Завқибек Саидаминӣ бар асоси қисми 2-и моддаи 307, нишонаи 3, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин банди қонун даъват ба сарнагунии ҳокимият аз тариқи интернет ё бо истифода аз ваколати хизматиро пешбинӣ мекунад. Аз рӯи ин иттиҳом ба Завқибек Саидаминӣ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Парвандаи Далер ва Абдулло

Пайвандони Далери Имомалӣ хабарнигори дигари боздоштшудаи тоҷик мегӯянд, наздики як моҳ мешавад, аз вай дарак надоранд ва мулоқот накардаанд.

Аммо як манбаъ аз мақомоти тафтишотии ноҳияи Шоҳмансур бидуни зикри номаш гуфт, тафтиши парвандаи Далери Эмомалӣ рӯзи 18-уми сентябр ба анҷом хоҳад расид ва дар назар аст, додситонӣ айбномаи ӯро ба додгоҳ пешниҳод кунад.

Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ гумонбар аст. Рӯзноманигор танҳо ду иттиҳоми аввалро қисман қабул карда, боқиро рад намудааст.

Аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи шарики Далери Имомалӣ, хамкори "Азия Плюс" Абдуллоҳи Ғурбатӣ хабаре нест. Ҷолиб аст, ки худи ӯ дар маҳбас аст ва филмаш дар ҷашнвораи Қазоқистон дар қатори беҳтарин филмҳо намоиш ёфт. Бар асоси хабарҳои дарёфтии Радиои Озодӣ Абдуллоҳи Ғурбатӣ бо се банди Кодекси ҷиноӣ аз ҷумла, “таҳқири намояндаи ҳокимият”, “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” ва “иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ “айбдор карда шудааст.

Парвандаи норӯшани Улфатхоним Мамадшоева

Ва сарнавишти журналисти дигари боздоштшудаи тоҷик Улфатхоним Мамадшоева ҳамчунон норушан аст. Пас аз дархости додситонии кул аз Додгоҳи олӣ 15-уми август барои ба 25 соли зиндон маҳкум кардани ӯ инак як моҳ мегузарад, вале ҳанӯз ҳукми ӯ содир нашудааст.

Ва барои пайвандонаш маълум нест бо парвандаи ӯ чӣ мегузарад.

Улфатхоним Мамадшоева бо ҳашт моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла “даъват барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ” гумонбар аст.

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Мақомот ба даъватҳо барои раҳоии ин ду хабарнигор то ҳол посухи мусбат надодаанд.

Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола ҳамчун журналисти мустақил кор мекард. Бахши забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва дар телевизиону радиои Бадахшон кор кардааст. Аз соли 2003 то 2014 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст.

Як чиз рушан аст, ки талош мешавад, ҳамаи ин журналистон бо иттиҳомоти тақрибан ҳамсон ҳамчун душмани давлату ҳукумат муаррифӣ ва барои озодбаёнияшон муҷозот шаванд. Ин дар ҳолест, ки мақомот далелҳои бештар ва дақиқи парвандаи онҳоро эълом намедоранд.

Боздошти рӯзноманигорон вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Мақомот ба даъватҳо барои раҳоии хабарнигорон то ҳол посухи мусбат надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG