Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Абдуллоҳи Ғурбатӣ аз Эмомалӣ Раҳмон додхоҳӣ кард


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшуда, аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостааст, барои озодии шавҳараш кумак кунад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ чор моҳи пеш боздошт шуд ва дар мурофиаи рӯзи 29-уми сентябр додситон аз додгоҳ хост, ки ӯро ҳашт сол зиндонӣ кунанд. Мақомот ӯро дар ҳамла ба корманди пулис ва узвият дар созмонҳои тундрав айбдор мекунанд.

Мубораки Қосим, ҳамсари ӯ дар номааш ба Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 30-уми сентябр дар саҳифаи фейсбукаш нашр шудааст, гуфтааст, шавҳараш ҳеҷ гоҳ узви ҳизби мамнуи наҳзати ислом набуд ва ягон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқиру латукӯб накардааст.

“Баҳси асосӣ сари чанд суханҳои дар саҳифаи фейсбукӣ навиштааш меравад, ки онро аз рӯи эҳсосот навиштаасту ҳеҷ рабте аз ҳимояи гурӯҳҳои мухолиф надорад. Муссалам аст, ки ҳар инсон иштибоҳ мекунад, вале онро бахшидан имкон дорад. Албатта хиёнат бахшида намешавад ва Абдуллоҳ низ ҳеҷ гоҳ ба ин давлату миллат хиёнат накардааст.”,--навиштааст ӯ дар номааш.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ моҳи июн ҳамроҳ бо ҳамкораш Далери Имомалӣ боздошт шуданд. Онҳо то замони боздошт дар Ютуб аз мушкили сокинон навор пахш мекарданд. Созмонҳои журналистӣ мегӯянд, маҳз кори хабарнигориашон боиси боздошти онҳо шудааст. Эҳтимол рӯзҳои наздик ҳукми Абдуллоҳи Ғурбатӣ содир шавад.

Мубораки Қосим аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки ба қазияи шавҳараш дахолат кунад, то ӯро озод кунанд.

Навиштани номаҳои додхоҳӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва фарзандони ӯ, мисли Озодаи Эмомалӣ, раҳбари дастгоҳ, Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон миёни сокинон маъмулӣ шудааст.

Коршиносон мегӯянд, чун шохаҳои дигари ҳокимият, аз ҷумла додгоҳҳо дар Тоҷикистон озод нестанд ва бештари ҳукмҳо бар асоси тасмими мансабдорон содир мешавад, сокинон ба Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ дар ҳали мушкилашон умед мебанданд. Дар мавридҳои хеле кам Эмомалӣ Раҳмон ба мактуби сокинон таваҷҷӯҳ кардааст.

Аз ин пеш, Том Гибсон, масъули дафтари аврупоии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, дар нишасти САҲА дар Варшава дар бораи боздошту фишор алайҳи хабарнигорон дар Тоҷикистон гузориш дода, аз ҳукумати кишвар озодии онҳоро талаб кард. Ҳоло дар Тоҷикистон дастикам ҳафт хабарнигор паси панҷара ҳастанд ва ба ҷиноятҳои сахт муттаҳам мешаванд.

Дар Тоҷикистон айни замон чандин хабарнигору блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хушом Ғулом дар боздошт ҳастанд.

XS
SM
MD
LG