Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирмуҳаммадзодаро ба ифротгароӣ муттаҳам карданд. Пайвандонаш: "Дурӯғ аст"


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст. Ӯро 9-уми июл маъмурони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба гумони итоат накардан ба амри кормандони пулис боздошт карданд. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, алайҳи Пирмуҳаммадзода бар асоси моддаи 307 (иловаи 1) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ин банди қонун "даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ"-ро дар назар дорад ва аз 3 то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мегӯянд, дар бораи иттиҳоми эълоншуда алайҳи рӯзноманигор аз расонаҳо огоҳ шудаанд. Яке аз пайвандонаш иттиҳомро беасос донист ва гуфт, "ҳамааш дурӯғ аст."

Пештар масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба иттиҳоми итоат накардан ба талаботи маъмурони милиса то рӯзи 19-уми июл ба ҳабс гирифта шудааст.

Пайвандони Пирмуҳаммадзода гуфта буданд, масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ин рӯзноманигорро барои гирифтани телефонаш даъват карда, дигар раҳо накарданд. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пештар гуфта буд, ӯро чанд маротиба ба бозпурсӣ даъват кардаанд.

Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналисти тоҷик гуфтанд, талошҳояшон барои дидорбинӣ бо ӯ бенатиҷа буд ва давоми бештар аз як ҳафтаи боздошт дар бораи ӯ ҳеч иттилоъ надоранд ва аз макони нигаҳдориву вазъи сиҳатияш бехабаранд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори собиқи радиои "Садои Душанбе", моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президент маъруф шуд. Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва баҳудаву беҳудаи нозирони роҳ ба дод омадааст.

Дар ду моҳи ахир 7 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот бо иттиҳомҳои гуногун боздошт шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомот талаб кардаанд, ки хабарнигоронро озод кунанд.

XS
SM
MD
LG