Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 17 сарбози эҳтиётӣ аз оғози "мобилизатсия" дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз оғози “мобилизатсия” ё басеҷи нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш дар Русия 17 сарбоз фавтидааст. Сафарбарӣ ба артиш дар Русия аз 21-уми сентябр сар шуд ва дар ин муддат ба пайвандони 17 даъватшаванда хабари марги онҳо расидааст.

Маълум шудааст, қисме аз низомиёни фавтида бемор будаанд ва ба далели нигаҳдорӣ дар шароити бад вазъашон бадтар шудааст. Наздикони баъзе аз фавтидаҳо ба хабарнигорони “Сибир.Реалии” гуфтаанд, дар бадани сарбозони сафарбаршуда осори латукӯбро диданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар нуқтаҳои муваққатии нигаҳдории сарбозони рус пайваста занозанӣ рух медодааст. Рӯзи 5-уми октябр дар тамрингоҳи Пенза марди 41-солае дар пайи сактаи дил фавтид.

Ӯ баъд аз эълони мобилизатсия ба артиш даъват шуда буд. Қабл аз марг ба наздиконаш аз шароити будубош шикоят карда, гуфтааст, ба онҳо хӯрок намедиҳанд ва сарбозон пайваста менӯшанду маст мешаванд.

Мақомоти рус баръакс аз шароити хуби нигаҳдорӣ ва пешниҳоди имтиёз ба хонаводаҳои сарбозони эҳтиётӣ гузориш медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG