Дар шимолу шарқи Тайланд рӯзи 6 октябр ба як кӯдакистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Дар натиҷа 34 кас, аз ҷумла 22 кӯдак кушта шудааст.
Гумонбар корманди пешини пулис аст, ки бо таппонча, корд ва дигар аслиҳа мусаллаҳ шуда ба кӯдакистон ҳамла кардааст. Расонаҳо менависанд, вай ҳамсар ва се фарзандашро низ кушта дар ниҳоят худкушӣ кардааст.
Ин корманди пешини пулис ба далели истифодаи маводи мухаддир аз сафи пулис ронда шудааст. Вай ҳамчунин ба далели истеъмоли маводи мухаддир дар додгоҳ муҳокима мешуд.
Моҳи феврали соли 2020 як сарбози артиши Тайланд фармондеҳ ва ду ҳамхизмати худро кушта, баъдан вориди маркази тиҷорие шуд ва 26 каси дигарро онҷо ба ҳалокат расонд. Он замон сарбозро кормандони пулис кушта буданд.